АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

– Ў чандсола будааст?
– Дар намуд чил – чилупанҷ сола. Европоимонанд, дар тан куртаи сафеди калтаостин, шим ва туфлии сиёҳ доштааст. Ҳа, ана ин ҷо омадааст, ки мақтул нишонаи махсус ҳам дорад.
– Чӣ хел нишонаи махсус? – пурсид Ҳаёт Алиевич.
– Дар пушти панҷаи дасти чапаш Юра навишта шудааст.
– Мумкин – мӣ аз ҳамин ҷо як занг занам?
– Марҳамат, – гўён соҳиби утоқ телефонро ба назди меҳмон гузаронд.
Камолиддинов чанд рақамро тоб дода, интизори ҷавоб шуд. Дар интиҳо котибааш гўшакро бардошт.
– Зевархон оё медонед, ки Давлат Боқиевич ягон нишонаи махсусе дошт?
– Чӣ хел нишона? Хол?
– Хол ҳам мешавад, вале ягон навиштаҷон (татуировка) дошт.
– Ба фикрам дар кадом дасташ ким чӣ хел навиштаҷот буд, вале аниқ, чӣ навиштагӣ буд, намедонам.
– Канӣ оҳиста ягон илоҷ карда фаҳмида боз ба ин ҷо занг зан, – гўён ў рақами телефонии Маҳмудовро ба котиба гуфта, гўшакро ба ҷояш гузошт.
– Гуфтед, ки аз бинои нўҳошёна ба поён афтидааст?
– Ҳамин хел муаллим.
– Марги ў ба кӣ даркор будааст?
– Намедонам, муаллим. Шояд ба милитсияи ноҳияи Шоҳмансур занг зада пурсам, – даст ба тарафи телефон бурд Маҳмудов.
– Ҳоло лозим не, – хоҳиш кард директор.
Онҳо боз чанде суҳбат карда буданд, ки телефон занг зад.
– Маҳмудов гўш мекунад, – худро муаррифӣ карда гуфт муфаттиш ва гўшакро ба тарафи Камолиддинов дароз карда гуфт, ки муаллим Шуморо мепурсанд.
– Ҳаёт Алиевич дар болои панҷаи дасти чапи Давлат Боқев калимаи Юра сабт шудагӣ. Ин барои чӣ даркор, – пурсид котиба.
– Барои тафтишот, – гуфт Камолиддинов ва гўшакро ба ҷояш гузошта, ба тарафи Маҳмудов нигариста гуфт, ки ба фикрам Давлат Боқиевич дигар дар қайди ҳаёт нест…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё