АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

– Набошад каме сабр кунед.
– Боз чун саргузашти Рафоэл нашавад, – гап партофт Сорбони Ҳомид.
– Осуда бош рафиқ, лейтенанти калон, табассуми зебое намуда аз ҷой бархест котиба.
– Кадом Рафоэл? – чизеро нафаҳмида пурсид Сендеров.
– Боре Сабоҷон як латифае гуфта буд олиҷаноб, аз ҳамон вақт ман ба ақлу заковати мардуми яҳудӣ қоил.
– Шуниданаш мумкин.
– Сухан аз забони Луқмон хуш аст.
Сендеров ба ҷону ҳоли Сабоҳат намонда, ўро ба гуфтани латифа розӣ кунонд.
– Рус, грузин ва яҳудиро ба қатл маҳкум намуданд, гуфт Сабоҳат. Аз рўйи қоидаҳои мавҷудаи ҳамон давр мебоист пеш аз ба иҷро намудани ҳукм се хоҳиши охирини ҳар як маҳкумшударо иҷро намоянд.
Сараввал русро даъват намудан хоҳишҳои охиринашро пурсон шуданд.
Иван дар се давра ба ҷуз «Водка» дигар чизе напурсид ва баъди ин ҳукумро ба иҷро расониданд.
Дуюм грузинро даъват намуд, ўро ба қоидаҳои мавҷуда шинос карда, аз хоҳишҳои охиринаш пурсон шуданд.
– Вино, – талаб намуд Биҷо.
Чун хоҳиши аввалашро иҷро намуда, аз дуюмаш пурсон шуданд.
– Боз вино, – гуфт грузин Ва хоҳиши дуюмашро ҳам ба замин нагузошта, аз хоҳиши охиринаш ёдовар шуданд.
– Мехоҳам маро паҳлўи Иосиф Виссарионович Сталин гуронед.
– Иҷро мекунем. Ин хоҳиши шумо дар назди мо қарзи қонуннист, – гуфтанд ба ў ва хоҳишашро ба ҷо оварданд.
Аз ҳама охир Рафоэл Абрамовичро ба ёд оварда, аз хоҳишҳои пеш аз маргаш пурсон шуданд. Он он вақт зимистон буд…
– Ман мехоҳам аз лолазорон гул чинам, – гуфт Рафоэл.
– Дар зимистон лолазор аз куҷо?
– Ҳеҷ гап не, ман сабр мекунам, – гуфт Рафоэл.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё