Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Нигор аз оринҷи Расул дошта ба ў ҷафс шуд. Мард ҳам гармиеро дар баданаш ҳис намуд, вале вақти рафтаро ба ёд оварда, қадамониашро тезтар кард ва лаҳзае пас ҳарду дар оғўши зулмот роҳи хонаи ҷавонзанро пеш гирифтанд.
Вақте ки онҳо вориди хона шуданд ва Нигор барои тағири либос ба хонаи хобаш даромад, Расул калиди дар ҷайбаш бударо бо рўмолчааш пок карда ба мехи дар паси ойнаи дар даҳлез буда, ки се рўз пеш гирифта буд, овехт ва оҳи сабуке кашида ба хонаи хоби Нигор даромад…

– Ба фикрам тағою амаам ба деҳа баргаштанӣ дар сари дастурхон хабар дод Умеда.
– Чаро ин хел тез? Омаданашонро нав ду ҳафта шуд. Ягон илоҷ карда боз як – ду ҳафта онҳоро роҳ гирифтан лозим.
– Ба гумон аст.
– Чӣ хел?
– Тағом мегўянд, ки ҷудо новақт омаданд. Охир наход одами боақл дар гармои сахти моҳи июл ба Душанбе биёяд гуфтанд он кас. Тағом барои ин сафари бемаҳал аммаамро гунаҳкор карданӣ шуданд.
– Аҷиб чаро миллион одам дар ҳамин гармо аз Душанбе нагурехтанду онҳо гурехтанӣ?
– Надонам, китф ба ҳам кашид зан.
– Мабодо онҳоро хафа накарда бошед?
– Наход чунин гумонҳои бад кунед, охир чор пиру чор такбир гуфтаанд. Чӣ магар ман ақламро хўрдаам, ки онҳоро хафа мекардаам? Чаро гуноҳи худатро намебинӣ, охир падару модарат ду ҳафта ин ҷою ду рўз ҳамроҳашон наистодӣ, субҳи содиқ меравию поси шаб бармегардӣ ки ҳама хобанд. Рафторат мақоли халқиеро ба ёд меорад, ки «тоқати меҳмон надошт, хона ба меҳмон гузошт».
– Охир онҳо на меҳмон балки соҳибхонаанд ва нағз медонанд, ки ман дар завод не, балки дар милиса, дар он ҷое, ки тартибу низоми ҳарбӣ ҷорист, кор мекунам.
– Беҳтар мешуд, ки инро ба ман не, балки ба пиру кампир мефаҳмондед.

пешина
аз 408
навбатӣ