Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мардум бегазию бебарқиро баҳона карда, қариб ҳамаи он дарахтонро буриданд. Кошкӣ худашон як ниҳол сабз карда бошанд. Акнун ҳама даст ба сина зада ман мегўянд, вале касе дар фикри табиат нест. Гирем ҳамин пеши хонаи моро. Чӣ қадар дарахтони сояафкан дошт. Вале дар ду– се соли охир се дарахт боқӣ монд. Аз рўйи гуфти ҳамсояҳо ин субҳ қумандон Хуршед яктои ин дарахтонро буридааст. Шон барои мошинаш гараж сохтанӣ будааст. Ана, ақл. Сари ҳамин андешаҳо ў вориди хона гашт.
Умеда садои кушодашваии дарро шунида, бо ангушташ ишора кард, ки дар хона меҳмон аст. Сорбони Ҳомид вориди меҳмонхона шуда, падарашро ҳамроҳи амаки Қурбоналӣ саргарми суҳбат дид…
Қурбоналии Мурод ҳамсинфи қиблагоҳаш аст. Аз рўзе, ки Сорбон худро мешиносад бо оилаи амаки Қурбоналӣ рафту омад доранд. Худораҳматии бобояш ҳам Қурбоналиро дўст медошт. Падараш ҳамеша мегуфт, ки дар синфашон аз Қурбоналӣ Мурод дида касе математикаро нағзтар намедонист. Шояд ҳамин меҳри касб буд, ки ў яке аз иқтисоддонони варзидаи ҷумҳурӣ гашт. Ҳар чанд унвони илмӣ ҳам надошта бошад, вале аз мардони унвондор қафо нест.
Чанд сол пеш амаки Қурбоналӣ ба ҷуз аз ҳамсинфонаш боз худи ўро низ ба тўйи писари ягонааш Рустам даъват карда буд.
Ў ҳамроҳи падар ба деҳаи Ҳоитак, ба хонаи Қурбоналӣ Мурод рафт. Дар он шаби тирамоҳ ба тўй меҳмонони зиёде омада буданд. Раиси маърака шоири номии диёр Давлат Алӣ дар васфи арўсу домод – Рустаму Муқаддас достоне хонд. Гулбазми калоне шуд. Қурбоналӣ ҳамроҳи ҳамсинфонаш суруди давраи мактабхониашон «Зи ҳиҷрон» –ро, ки ба ақидаи раиси маърака гимни мардуми соҳили Хингоб ҳисоб мешуд, дар ҳавои сурудҳои шашмақом суруданд. Он шодию сурур дер давом накард. Баъди як сол марги бармаҳал аз гиребони Рустами Қурбоналӣ бигирифт. Рустам ҳатто рўйи нахустфарзандро надид. Муқаддас баъди ду моҳи марги шавҳар ба хонадони Қурбоналии Мурод нишоне аз Рустам писар овард ва тифли навзодро Расул ном ниҳоданд.
Соли гузашта дар рўзи ёдбуди Рустами Қурбоналӣ ў ба деҳаи Ҳоитак рафт. Амаки Қурбоналӣ ўро ба хона таклиф карда, наберааш Расулро ки аз оламу одам бехабар дар гаҳвора дастак мезад, чун нишоне аз Рустам муаррифӣ кард.

пешина
аз 408
навбатӣ