Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
вазифаи пешвои худро иҷро мекунад. Дар натиҷа, ҷомеа боз соҳиби маданияти баланди хеш гардида, рушди босуботи иқтисодию иҷтимоиро таъмин месозад.
Дар натиҷаи иҷрои бомуваффақияти функцияҳои хеш маданиятшиносии иҷтимоӣ дар менеҷмент вазифаҳои муҳими зеринро метавонад ба анҷом расонад:
-
Мазмуни фалсафии арзишҳои баланди мадании фаъолиятҳои алоҳидаи менеҷментро пурра инъикос намудан.
-
Нишондиҳандаҳои амалигардонии қисмҳои алоҳидаи маданиятшиносӣ ва равандҳои он, аз ҷумла илм, ихтироот ва навоварӣ, дин, санъати тасвирӣ, анъана, маросим, урфу одати ниёгон ва мактабҳои классикии роҳбариро дар фаъолияти менеҷмент ҳаматарафа нишон додан.
-
Амалигардонии маданияти баланди истеҳсолию технологӣ, тарбияи роҳбарон ва дигар кормандони ташкилот дар рӯҳияи баланди хештаншиносӣ, ташаккул ва нигоҳдории дастовардҳои баланди маданӣ.
-
Нишон додани омилҳои мадании этикии меҳнат, соҳибкорӣ ва роҳбарӣ дар корхона ва самаранокии амалигардонии нишонаҳои маданӣ дар менеҷмент.
-
Нишон додани мақоми маданиятшиносӣ дар ташкили дурусти фаъолият дар менеҷмент оид ба муносибатҳои расмию ғайрирасмии байни бригадаҳо, сехҳо, гурӯҳҳо ва одамони алоҳидаи коллективи корхона ва мизоҷону ҷомеа.
Ҳамин тариқ, маданиятшиносии иҷтимоӣ қисми таркибӣ ва зарурии хештаншиносии роҳбарӣ дар менеҷмент буда, риоя ва ташаккули маданиятшиносӣ, бахусус маданиятшиносии истеҳсолӣ, яке аз равандҳои самараноки ташкили истеҳсолӣ ва технологии менеҷменти замони муосир мебошад, ки мо онро дар мавзӯъҳои оянда пурра гуфта мегузарем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё