Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
Роҳбарӣ ва маданияти баланди хоҷагидории миллати тоҷик мо дар қисми 4-уми китобамон пурра гуфта гузаштаем.
- Маданият ҳамчун санъати баланди истифодаи вақт ва хештаншиносии менеҷмент.
Бармеояд, ки маданиятшиносӣ ин ҷамъиятшиносӣ буда, тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеаро дар бар мегирад. Дар ҳақиқат, маданият шаклу тарзи зиндагонии гурӯҳи муайяни одамон мебошад, ки бо меҳнати якҷоя, истеҳсоли моли муайян, хоҷагидорӣ, дину оин, урфу одат пайванданд. Пас, дар менеҷмент пайдо кардани ҳудуди ҷамъиятию мадании коллективро муайян намудан ғайриимкон буда, инро ҳамчун инкишофи як ҷараён қабул намуда, сарвари хештаншинос бояд ҷомеашиноси варзида бошад.
Боиси зикр аст, ки барои маданияти иҷтимоӣ ва барои менеҷмент вақт мақоми асосӣ бозида, вобаста аз он баъзе унсурҳои он кӯҳна шуда, аз байн мераванд ва боз баъзе унсурҳои нав пайдо гашта, ҷои онро пурра месозанд. Бинобар ин, маданияти иҷтимоиро ҳамчун нишонаи вақтшиносӣ дар менеҷмент муаррифӣ кардан мумкин аст. Имрӯз инсоният вобаста аз зинаи инкишофи илму техника ба як қатор муваффақиятҳои илмию навини маданӣ ноил гаштааст, ки ҷорӣ кардани он дар менеҷмент аз фоида холӣ нест. Аз ин рӯ ақидаи нигоҳдории маданият дар як зинаи шахшудаи инкишоф куллан ғалат буда, вобаста аз вақту замон вай бояд инкишоф ёбад, аз нав эҷод шавад ва талаботи одамонро қонеъ гардонида тавонад. Ба қафо ба сохтори пешинаи маданияте, ки менеҷментро аз инкишоф мемонад, рафтан куллан хато буда, хатари аз байн рафтани ҳокимиятро дорад. Маданияти иҷтимоӣ дар ягон давру замон маротибае ба муқобили талаботи инкишофи ҷамъияту истеъмолу истеҳсолот равона набуда, доимо пешвои инкишоф буд ва мемонад.
Чуноне ки пештар қайд кардем, дар ҳар давру замон сохтори иҷтимоии ҷомеа тағйир ёфта, вобаста аз роҳбарони давлату ташкилоту идораҳо муносибат ба арзишҳои маданияти иҷтимоӣ дигар мешавад. Инчунин, вобаста аз зинаи инкишофи иқтисодӣ ва баланд шудани дараҷаи некуаҳволии мардум, риояи арзишҳо ва меъёрҳои иҷтимоӣ боз мавқею мартабаи баланди хешро пайдо ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё