Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
меомӯзем. Асоси рафтори одамон, сарваронро дар ҳама ҳолат меъёрҳо, арзишҳо, ақидаю фикрҳои таърихӣ - маърифатие ташкил медиҳанд, ки онҳо ҳазорсолаҳо дар олам ташаккул ёфта, то ба замони мо расидаанд. Оиди маънавиёт, хираду хирадмандии роҳбарии миллати тоҷик мо дар китоби 4-уми менеджмент пурра гуфта гузаштаем.
Хонандаи азиз, азбаски зиёда аз 99,9% мардуми Тоҷикистон мусулмон мебошанд, барои таҳлили пурратар зарур шуморидем, ки оиди диншиносии роҳбарӣ дар менеджмент боби алоҳида бахшем. Бинобар ин, оиди масоили динию маданиятшиносӣ дар ин боб камтар диққат додаем.
Омӯзиши маданияти халқу миллатҳои гуногун аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки шакли ин рафторҳо гарчанде дар оила, қавм, гурӯҳҳо, миллату халқҳо гуногун бошанд ҳам, маъмунан моро ба як нуқтаи асосӣ бурда мерасонанд. Онро мо дар менеджмент хештаншиносии роҳбарӣ номидаем, ки асосашро ҳақиқатшиносию адолатпарастию дӯстдорӣ ташкил медиҳад. Аз дигар тараф, маданиятшиносии сарвар имкон медиҳад, ки аз санъати иҷтимоӣ, адабиёти классикӣ, дину оин, илму ҳунар, шахсиятҳои таърихӣ ва корнамоиҳои бузурги онҳо, таърихи пайдоиши халқ, иҷтимоиёти меҳнат, маданияти истеъмолӣ ва дигар паҳлӯҳои ахлоқии ҷомеа бохабар гардад.
Ҳолати имрӯзаи инкишофи ахбори электронӣ - Интернет, алоқаҳои моҳворавӣ ва намоишҳои моҳворавии телевизионӣ чунин шароит муҳайё намудааст, ки фарди имрӯзаи ҷомеа дар хонаи худ истода, аз тамоми ахбори ҷаҳон бохабаранд.
Вобаста аз ин, озодии ҳуқуқии ҷомеаи инсонӣ ба ҷое расидааст, ки имрӯз дар ҳаёти мадании одамон ҳар гуна ҷараёнҳо, омехташавӣ ва гуногуншавии мадании нав аз Ғарб ба Шарқ ва баръакс пайдо гардидааст, ки ин боз як маротибаи дигар мақоми маданиятшиносии иҷтимоии менеджментро баланд мебардорад.
Ҳолати номуайянии интихоби рафторӣ, нишонагирии нодурусти ҷавонон ба маданияти иҷтимоии Ғарб, пайдоиш ва сар задани муборизаи беасосии равияҳои иртиҷоии динию мазҳабӣ, таъсири боқимондаҳои сохтори собиқ маданияти Шӯравӣ ва дигар хусусияти этникию географии табиӣ ва гуногуншаклии

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё