Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

51.1. Қонуниятҳои сарварӣ ва зинаҳои расидан ба
хештаншиносӣ дар менеҷмент

Хонандаи азиз, тадқиқоти илмии мо дар бахши менеҷмент ба зинае расидааст, ки акнун дар китоби панҷум ба хештаншиносии роҳбарӣ, ҳамчун асоси муваффақиятҳои менеҷмент баҳогузорӣ намуда, пурра вобаста будани инкишофи босуботи иқтисодии ташкилотро ба ин нерӯи бебаҳои сарварӣ ибот намоем. Аз ин хотир, ба Шумо муроҷиат карда мегӯем, ки ин аввалин натоиҷи тадқиқоти мо буда, дар асоси фикру ақидаҳо, мушоҳидаҳо ва гуфтаҳои олимону донишмандон, ки дар қисмҳои 1, 2, 3, 4 — уми китоби Менеҷмент овардаем, рӯи қоғаз оварда шудааст. Шояд ба баъзе нуқтаҳо ва ақидаҳои мо норизо бошед, ин албатта, интихоби озоди ҳар як фарди соҳибақл аст. Мо бошем, боз як маротиба таъкид ба он дорем, ки мақсади асосии худро дар ҷустуҷӯ ва пешниҳоди роҳҳои илмиме мебинем, ки дар тарбияи сарвари оянда ва роҳҳои баландбардории дараҷаи некӯаҳволии аҳолӣ заррае бошад ҳам, кӯмаки худро бирасонем ва дар бунёди ҷомеаи озоди демократии Тоҷикистон саҳмгузор бошем. Фараҳманд аз он мебудем, агар фикрҳои одилона ва беғаразонаи худро ба мо иброз медоштед, то боз аз Шумо омӯзему якҷоя эҷодкорӣҳо намоем.

Хештаншиносии роҳбарӣ зинаи олии инкишофи сарварӣ буда, он аз қобилияти Илоҳӣ ва донишҳои заминие, ки дар ҷараёни фаъолияти корӣ ва омӯзиши илмии менеҷмент ба даст оварда мешавад, ташаккул ёфта, роҳбарро ба ҳақиқатпарастӣ, дӯстдорӣ, адолату ростӣ ва покию некбинӣ ҳидоят менамояд. Аз ин фаҳмиш қонуниятҳои хештаншиносии роҳбарӣ сарчашма гирифта, аз нигоҳи мо асосан равандҳои зеринро дар бар мегирад:

❖ муҳаббат ва дӯстдорӣ;
❖ адолатхоҳию ҳақиқатпарастӣ;
❖ некбинӣ ва некхоҳӣ;
❖ бахшояндагию меҳрубонӣ;
❖ донишмандию илмпарастӣ;
❖ эҷодкорию навоварӣ;
❖ тозагию солимин одаму табиат;

пешина
аз 463
навбатӣ