Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

хирадманд мебошад, ки ба мувофиқакунонии фаъолияти одамият ва табиат дар роҳбарӣ равона шудааст.

Аз ин бар меояд, гузаштагони мо ки дунёи роҳбариро ҳамчун дунёи банизомдарорӣ ва мувофиқакунонӣ ба олам шинохта, асоси таълимоти идораи давлатӣ қарор додаанд.

Мақсади асосии роҳбарӣ пайдо кардани нуқтаи мувофиқа ва нигоҳдории мувозинати қувваҳои бузурги «Худо — одамон — табиат» буда, низом ва тозагию покии пайвастаро талаб дорад.

Дар шароити мураккабу мушқили имрӯзаи инкишофи иқтисодии Тоҷикистон ва таъсири баланди маданияти хоҷагидории давлатҳои гуногуни дунё, ҷаҳонишавии бемайлони иқтисодӣ ташкили чунин системаи роҳбарӣ дар зинаҳои гуногуни идорӣ, махсусан, дар менеҷменти корхонаҳои тоҷик каме мушкулу мураккаб аст. Новобаста аз ин роҳбарияти Тоҷикистон мувофиқ ба талаботҳои Сарқонуни мамлакат кӯшиши созмони давлатии ҳуқуқбунёди дунявиро доранд, ки албатта, озодии қобилият, яке аз он ҳадафҳо ва арзишҳои давлатии миллӣ ва ташкили роҳбарии самаранок ба ҳисоб меравад.

Асоси тадқиқоти моро дар менеҷмент «Мавқегузории баланди одам дар ҷамъият» ташкил дода, онро мо ҳамчун «мавҷудоти олии байни Замину Осмон» баҳогузорӣ намудаем.

Хирадмандон, сарварони хештаншиносро мо ба сифати пайвандгари дарки ақлонии Осмону бо Замин эҳтиром карда, таъмингарони мувозинати инкишофи башарӣ ва табиату муҳит номида, объекти асосии омӯзиши илмӣ менеҷмент қарор додаем.

Рафтори роҳбарони хештаншиносро мо ҳамчун нақшҳои бофандагӣ, ки дар ҳунари наққошон, чеварону ҳунармандон ва ё асарҳою эҷодкориҳои олимону донишмандони бузург ва асил мушоҳида менамоем, арзёбӣ намуда, диққати тадқиқотро ба он равона сохтаем, ки дар ин нақш ба тамоми нуқтаҳо, ҳатто нуқтаҳои ба чашми оддӣ нонамоён низ баҳои илмӣ дода шавад ва мавқею мақоми ин шахсиятҳои бузурги таърихӣ ҳаматарафа дастгирӣ ва баҳогузорӣ шаванд.

Талаботҳои асосии омӯзиши фанни менеҷмент нозуку ҳассос мебошад ва он бояд аз рӯи қонуниятҳои баланди табиӣ ҷараён гирифта, роҳбарӣ

пешина
аз 463
навбатӣ