Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
-
Боигарӣ аз нигоҳи хиради менеҷмент - ақл ва андешаронии солим доштан, саломатии хуб, қобилияти боваркунӣ ва боваркунонӣ, ботини пок, меҳнати ҳалоли касбӣ, одамшиносӣ ва рафтори ҳалими инсонӣ доштан, соҳибмулк будан, аз касе вобастагии моддӣ надоштан, ватандорӣ ва дар ватан фаъолияти касбӣ доштан.
-
Хиради экологии менеҷмент — фаҳмиш, донишмандӣ, дарк ва дӯстдории кормандонро нисбати табиат, муҳити атроф, одамон дар вақти мақсадгузории роҳбарӣ, банақшагирӣ ва иҷрои қарорҳою қонеъгардонии талаботҳо меноманд.
-
Дараҷаи некӯаҳволӣ - имкони истифодабарии захираҳоро барои зиндагонии хуб, маълумотгирӣ, муомилаи ахбор ва иштироки фаъоли одамон дар ҳаёти ҷомеа меноманд.
-
Консепсияи ташаккули хиради экологии менеҷмент - танзими иқтисодии масоили демографӣ дар корхона, таъмини маълумоти касбии кормандон, таъмини шароити хуби корӣ ва ҳавасмандии кормандон, таъмини инкишофи маданияти корпоративии корхона, таъмини самаранокии фаъолият, беҳтар кардани сифати мол ва муҳофизати табиат, тозагии муҳити зист, ташкили барқароркунии сарватҳои табиӣ, таъмини идоракунии пурраи экологӣ.
-
Ташаккули стратегияи рушди экологии башарӣ - таъмини иқтидори зеҳнии аҳолӣ бо роҳи ҷорӣ кардани таълимоти экологӣ, ташкили хоҷагиҳои хусусӣ ва таъмини пурраи шуғли аҳолӣ, таъмини истифодаи самараноки захираҳои пулии аҳолӣ, таъмини шароити беҳтарини экологии зисти аҳолӣ, таъмини фикрронии экологии тамоми роҳбарон ва аҳолӣ.
-
Вазифаҳои тарбияи экологии менеҷмент — диққати коллективро ба моҳият ва зарурияти тозагии табиат ва истифодаи самараноки сарватҳои табиӣ равона намудан, ҷалби ҳар як фарди соҳибақл, ташкили таълиму тарбияи экологӣ, ташкили конфронсҳо, мусобиқаҳои экологӣ.
-
Равандҳои асосии экологикунонии ҷараёни истеҳсолӣ - даст кашидан аз технологияи кӯҳнаи ғайриэкологӣ, гузаштан ба технологияи камхарҷу безарари экологӣ, гузаштан ба истеҳсоли моли аз ҷиҳати экологӣ тоза ва истеҳсолоти кампартову бепартов, нигоҳдории мувозинати экологӣ дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор