Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

шахси мӯътабарро пайдо сохта, дар назди коллектив таъриф кунед, эҳтироматон баланд мегардад ва ғ.

  1. Гурӯҳбандии хислатҳои роҳбарӣ — доимо ба шахсиятҳои бузург шавқу рағбат карда, хислатҳои хоси онҳоро навишта гиред, аз рӯи пайдарпаии хислатҳои некӯи онҳо амал кунед, пеш аз он, ки ба худ дигаронро ҷалб кунед, ба онҳо таваҷҷӯҳ зоҳир намоед. Санъати баланди нотиқиро аз худ кунед, маҳдудиятро ҳеҷ гоҳ аз ёд набароред, одоби салому вохӯрии гармро аз худ намоед.

  2. Қоидаҳои дақиқӣ ва пурмазмунии фикр — фарқи байни ахбор ва ҳодисаро пурра дарк карда тавонистани роҳбар, тамоми омилҳоро ба ду гурӯҳ ҷудо намоед: асосӣ ва дуввумдараҷа.

  3. Қоидаҳои мустаҳкамсозии фикр дар роҳбарӣ — доимо асаби худро назорат карда, онро фақат ба мақсади созандагӣ равона кардан, асаб бояд солим буда, рафтори солим дошта бошад, аз фикрронии дигарон самаранок истифода бурданро фаромӯш набояд кард, асабро аз ҳама гуна фикрҳои гаранзнок тоза нигоҳ доштан.

  4. Пайдарпайии фаъолият дар вақти ба нобарориҳои корӣ дучор гаштани роҳбар — барои одат кардан ба кори нав тамоми хоҳишатонро равона созед, пайраҳаи навро тарзе бунёд намоед, ки аз пешина куллиан фарқ кунад ва дигарбора ба хато роҳ надиҳед, пайраҳаи пешинро тамоман фаромӯш кунед, ба пайраҳаи кӯҳна назари каҷ карда гӯед, ки ман бояд аз аввал ба ин роҳ намерафтам, дар роҳи нав устувор буда, ба он пурра бовар кунед.

  5. Муҳити роҳбарӣ — атрофиён, зердастон, коллектив, ҳамсояҳо, рафиқон. Худро доимо дар муҳити эҷодӣ, солим ва тозаю пок нигоҳ дошта, аз шахсони бадхоҳу бесаводу хушомадгӯй ва нопокон дур бошед.

  6. Хотираи роҳбарӣ — қабули дуруст ва нигоҳдории ахбори роҳбарӣ дар хотира. Мустаҳкамкунии ахбор дар хотироти мошинаҳои электронӣ зарур буда, самаранокии фаъолиятро баланд месозад. Хотираро фақат аз ахбори пурра, дуруст ва зарурӣ бой гардонидан лозим аст. Шинохти хотирот ва нигоҳдориро пайваста машқ намоед.

пешина
аз 463
навбатӣ