Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Нишонаҳои самараноки ҳалли масоил — ҳар як масъала вақту соати қабул ва иҷроиши худро дорад, масоилро метавонед қисман ва ё мувофиқи қоидаи пайдарпай иҷро кард, тарафҳои манфиатдорро ба ҳалли масоил мувофиқ гардондан, ташкили системаи мониторинг ва таъмини самараноки.

  2. Сабабҳои ғайрисамараноки ҳалли масоил - хатои дарки масоил, хато дар вақти коркарди шаклҳои ҳалли масоил, хатои роҳи ҳал, хатои ҳалли масоил.

  3. Ахбор ҳамчун захираи иқтисодӣ — асоси пайдошавӣ, арзиш, ҳаракаткунанда, инкишофёбанда, предмет, восита ва маҳсули меҳнати менеҷмент мебошад.

  4. Хусусияти хоси ахбори менеҷмент — мӯҳлатнокии коркард, фармонравой ва нигоҳдории ахбор дар баробари дигар захираҳо арзиш доранд.

  5. Этикети корӣ — тафаккури роҳбарӣ буда, асосашро меъёрҳои ахлоқӣ ва мақсадашро рафтори хештаншиносии роҳбарӣ ташкил медиҳад.

  6. Ҷаҳонбинии роҳбар — қисми асосии рафтори роҳбарӣ буда, системаи мафҳумҳо, тасаввур, ақида, қоидаҳои этикӣ, асоси рафтору гуфторро дар бар мегирад.

  7. Ҳолати мувозинатӣ дар низоми менеҷмент — тартибот ва ҳолати дурусти фаъолият, беназоратӣ ва муноқиша, мувозинат ва худислоҳшавӣ.

  8. Омилҳои асосии дурустии ахбор — малакаи дониш, хоҳиш ва мақсади шахсе, ки нисбати ҳолат маълумот медиҳад, маданияти ташкили корхона, меъёрҳо система ва мақсадҳо, ҳолати тартиб додани ахбор ва дарки масоил.

  9. Усулҳои демократии қабули баръакси ахбори менеҷмент — дарёфти ақидаҳои гуногун дар самаранокии кори менеҷмент, системаи баръакси ахбор, нишонаҳои баҳодиҳӣ, ҷорӣ кардани қоидаи саривақтӣ, кӯтоҳ, имконпазир, ташкили кори баҳодиҳӣ, системаи ҳавасмандӣ, ҷорӣ кардани арзишҳои баланди инсонӣ, омӯзишӣ.

  10. Сарчашмаҳои баҳодиҳии корманд — роҳбари болой, истеъмолкунандагон, аъзоёни коллектив, гуфтугӯи рӯирост, худи корманд.

пешина
аз 463
навбатӣ