Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ҳукмронӣ, балки ба боварӣ ва таъсиррасонӣ ҳамчун узви як оила равона кардан, бартарӣ, ҳавасмандӣ ва мусобиқаҳо, суръати баинобатгирии дигаргуншавиҳо, пешвони зеҳнӣ ва хештаншиносӣ.

  1. Рафтори ҳолатии роҳбарӣ — муносибати прагматикӣ ба ҳодиса ва ҳолатҳо, муносибат ба таваккал, ҳамчун воситаи соҳибкорӣ, ташкили муносибатҳои корпоративӣ, хулосабарорӣ дар асоси таҳлилҳои чуқур, муносибати кушоди рӯирост ба ҳамкорон, дастовардҳоро хуб баҳо додан ва қабул намудан.

  2. Гурӯҳбандии корхона аз рӯи муносибат ба кормандон — бюрократӣ,
    марказонидашуда, ғайримарказонидашуда, нишонагирӣ ба бозор, дастгаҳ,
    соҳибкории инфиродӣ, демократикунонидашуда.

  3. Гурӯҳбандии кормандон вобаста аз муносибаташон ба кор — доимо норизо, эродгир, бетараф, иғвогар, меҳнатдӯст, навовар, эҷодкор.

  4. Шаклҳои баландбардории ихтисос — тайёрии техникӣ, баландбардории сифати мол, навоварии умумӣ — асосҳои кордонӣ, тайёрии функсионалӣ — роҳбарӣ.

  5. Пайдарпайии кори мураббигӣ — мақсадгузории фаъолияти шогирдон, ҷалби шогирдон ба машварати озоди корӣ, масъалагузорӣ ва роҳҳои ҳалли он, дастурамал ба шогирдон оид ба ҳолати аниқ, дастгирии комёбиҳои шогирд ва ҳавасмандкунонии он.

  6. Хислатҳои асосии қобилиятнокии роҳбар — нишонаҳои пешвой, ҳавасмандӣ ба шуғл, сӯҳбаторо ва кушодарӯй будан, қобилияти ташкилотчигӣ доштан, муомилан кушод ва хуш, қобилияти бо гурӯҳ ва ё даста кор кардан, навовар будан, садоқат ба кори худ, ростқавлу адолатпарастӣ, синну сол ва ҷинс.

  7. Омилҳои асосии ҳавасмандкунии қобилият — худифодагарӣ, қобилияти қабул намудани ахбор, эҳтироми меҳнати ҳамкорон, ҳунармандии касбӣ, арзандагӣ ба вазифа, дастовардҳо, боварӣ ба худ, коллективизм.

  8. Адолатпарастиро аз рӯи суолҳои зерин баҳо медиҳанд — ба одамон
    озодии пурраи фаъолият ва амалигардонии қобилияташонро додам, оё
    онҳо имкони қаноатмандиро аз фаъолияти хеш доранд, дар гурӯҳ ё
    менеҷмент дастаи пурқуввати мутахассисонро ҷамъ овардаам, ба

пешина
аз 463
навбатӣ