Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Зерсистемаи иқтисодии мотивасионӣ - стратегияи умумии иҷтимоию иқтисодӣ буда, барои амалӣ гаштани манфиатҳои он фишангҳои махсус, аз қабили андозҳо, қарз, нархгузорӣ, танзими музди меҳнат ва ғ. равона карда шудаанд.

  2. Стратегияи макроиқтисодии навоварӣ — амалӣ гардонидани навоварӣ дар дараҷаи иқтисоди миллӣ мебошад.

  3. Стратегияи навоварии минтақаҳо — аслан барои алоқаманд намудани фаъолиятҳои корхонаҳо ба мақсади ташаккули менеҷменти минтақавӣ равона карда мешавад.

  4. Шаклҳои алоқамандии корҳои илмию тадқиқотӣ (КИТ) ба иқтисодиёт илм ҳамчун қисми таркибии [таркибии] иқтисодиёти ҷамъият, вобаста набудани илм аз сиёсат, арзишмандии илм ва вобастагии он аз ҳолатҳои иқтисодӣ.

  5. Соҳаҳои асосии илмғунҷоиши ҷаҳонӣ — кайҳоннавардӣ, электронӣ ва барномасозии электронӣ, алоқа, доруворӣ ва тандурустӣ.

  6. Давлатҳои пешқадами иқтисодии ҷаҳон — ШМА, Ҷопон, Олмон, Британияи Кабир, Фаронса, Шветсария, Хитой, Корея, Итолиё.

  7. Омилҳои асосии ташаккули бозори навоварӣ — иштироки давлат дар ҷараёни навоварӣ, дараҷаи инкишофи иқтисодии давлат, инкишофи инфрасохтор, мувофиқаи илму истеҳсолот, рақобатнокии технологӣ дар бозор.

  8. Раванди системавии навоварӣ - дастгирии доираи тадқиқотҳои стратегӣ ва бунёдӣ, алоқамандии илм ва истеҳсолот, инкишофи системаи устувори технологӣ, инкишофи системаи ахборӣ ва таъминоти литсензияи КИТ.

  9. Омилҳои ташаккули бозори навоварӣ — молиягузории давлат дар дастгирӣ ва роҳбарии навоварӣ, беҳтарин навоварӣ, дараҷаи гирифтани даромадҳои аввала, тағйири инфрасохтори бозори моли корхона, ҳамоҳангии илму истеҳсолот, технологияи рақобатнокӣ, дараҷаи инкишофи иқтисодӣ.

  10. Соҳаи стратегӣ — соҳаи саноатиеро меноманд, ки барои бехатари миллӣ моҳияти муҳим дорад ва маҳсулоташ барои инкишофи аксари соҳаҳо зарур аст.

пешина
аз 463
навбатӣ