Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
аст. Чеҳраи кушоди хандон ба шахс қувваву ғайрат ва гармию боварӣ бахшида, ҳавасмандии маънавиро дар иҷрои қарор фароҳам меоварад. Бояд гуфт, ки дар коллектив ё одамон якдигарро бо чеҳраи кушода ва хандон пешвоз мегиранд ва кору фаъолият менамоянд, инсонпарварӣ ҳукмрон буда, арзишҳои баланди инсонӣ эҳтиром карда мешаванд. Дар натиҷа якдастагӣ ва эҳтироми баланду дӯстдорию боварӣ низ пайдо мегардад.
Дар ҳақиқат, ҳидояти волои хештаншиносии роҳбарӣ низ, барпо намудани ҷамъияти солими тарбиятёфтае мебошад, ки дар он ҳама арзишҳои инсонӣ қадр карда шуда, аз рӯи онҳо амал мекунанд.
Дар муносибат бо зердастон ҳалиму озоду мулоҳизакорона ва бо каме шӯхӣ бояд рафтор намуд, то корманди хешро аз буданатон дилтанг насозед, балки онҳо аз сӯҳбататон ҳаловат бурда, доимо хоҳиши вохӯриро бо Шумо дошта бошанд. Бузургони миллати тоҷик мегӯянд: «Беҳтарин шӯхӣ ин ҳақиқатро гуфтан аст». Аз ин ҷо мебарояд, ки ҳақиқати талхро ба воситаи шӯхӣ кардан ба зердастон расонидан низ нишонаи хештаншиносии сарварӣ буда, онҳоро аз дилранҷонӣ эмин медорад. Дар таърихи давлатдорӣ ва роҳбарии миллати тоҷик роҳҳо ва усулҳои зиёди сухангӯиро дар шакли ҳазл кор карда баромада, асарҳои зиёде эҷод намудаанд, ки мо дар қисмҳои 3 - 4-уми ҳамин китоб ба Шумо, хонандаи азиз, бахше аз онҳоро гуфта гузаштаем. Сарвари хештаншинос бояд дар зиндагӣ хушҳол буда, аз ҳаловат бурдан низ аз муваффақиятҳо бархӯрдор бошад.
Сарвари хештаншинос, ки дилаш аз кинаву адоват дур аст, доимо худро ба камсуханӣ одат кунонида, қаҳру ғазабро фурӯ бурда метавонад. Роҳбари пурқувват ҳамонест, ки дар ҳолатҳои қаҳру ғазаб худро идора карда метавонад ва дар чеҳрааш нишон надодани он нишони пурқувватии сарвар мебошад. Оиди нигоҳдории ҳокимият дар ҳолати муноқишаҳо мо дар китоби 3-4-ум пурра гуфта гузаштаем. Фақат дар ин нуқта таъкид менамоем, ки дар замони ҳукмронии Луқмон касе аз ҳамзамонон овози баланд ва ё дағали ӯро нашнидаанд. Фақат ҳангоми ғазаби зиёд мегуфтааст: «Ба ӯ чӣ шудааст?» ва доимо ҳаракат менамудааст, ки барои кадом гуноҳе ки набошад, инсонҳоро бубахшад, чунки ғазаб ва дашном додан худ як роҳи дилранҷонию ҷудоандозӣ буда, одамонро аз якдигар дур месозад. Бинобар ин, дар раванди ташаккули хештаншиносии

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё