Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ривоят мекунанд, ки Луқмони Ҳаким ҳатто ҳангоми намоз хондан гиряи кӯдакеро аз кӯча мешунаванд, ҳаракат мекарданд, ки тезтар ба кӯмаки ӯ шитобанд, то аз ин гиря модари кӯдак ранҷе накашад.

Бояд гуфт, ки ғамхорӣ кардан дар ҳаққи олами набототу ҳайвонот ва дар мувофиқа ба он кору фаъолият намудан низ раванди муҳими хештаншиносии сарварӣ буда, моро ҳидоят ба он месозад, ки табиат ва олами табииро дӯст дорему нисбати он ғамхору меҳрубон бошем. Нагузорем, ки табиати зебо ва нодири мо ба биёбон табдил ёбаду одамону ҳайвонот ва дигар олами зинда азоб кашанд. Хонандаи азиз, оиди ин масоил мо дар боби алоҳида пурра гуфта мегузарем.

51.5. Талаботҳои хештаншиносии роҳбарӣ дар қабул ва иҷрои қарорҳои менеҷмент

Сарваре, ки аз қонуниятҳо, талаботҳо, нишонаҳо ва равандҳои асосии хештаншиносии роҳбарӣ бархӯрдор аст, дар тарзу усули кордонӣ ва қабули қарори менеҷмент хирадмандӣ нишон дода, медонад, ки маҳз ҳамин сифати сарварӣ барои ҳозираю ояндаи ташкилоту ҷамъият манфиати калоне меоварад.

Тавассути рафтори хирадмандонаи хештаншиносӣ ӯ ба дили одамон роҳ ёфта, ӯро дӯст медоранд, эҳтиромаш менамоянд ва ба суханаш гӯш мекунанд. Фақат ва фақат сарвари хештаншинос метавонад қарори боманфиат қабул намуда, роҳи дурустро дар иҷрои он пеша кунад ва аз натиҷааш одилона ҳаловат бубарад.

Тақсимоти хирадмандонаи даромади ташкилот ва кӯмаки дармондагон низ раванди асосии усули кордонии сарвари хештаншинос буда, ба ҳама иштироккунандагони меҳнати ҷамъиятӣ ҳақмузди дуруст бояд ҷудо карда шавад, то норозигие баъди иҷрои қарори менеҷмент пайдо нагардад. Пайдоиши чунин ҳолат ба қабул ва иҷрои қарори навбатии менеҷмент таъсири манфӣ расонида, эътибори сарварро паст мекунад.

Талаботи дигаре, ки барои сарвари хештаншинос дар вақти иҷрои кору фаъолият ва қарори идоравӣ зарур мебошад, чеҳракушод ва хандонрӯй будан

пешина
аз 463
навбатӣ