Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Эй басо ҳиндуву турки ҳамзабон,
Эй басо ду турк чун бегонагон.

Пас, забони маҳрами худ дигар аст,
Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст.

Ғайри нутқу ғайри имову сиҷил,
Садҳазорон тарҷумон хезад зи дил.

Ҷумла мурғон ҳар яке асрори худ,
Аз ҳунар в-аз донишу аз кори худ,

Бо Сулаймон як ба як воменамуд,
Аз барои арза худро месутуд.

Аз такаббур неву аз ҳастии хеш,
Баҳри он то раҳ диҳад ӯро ба пеш.

Чун бибояд бардаро аз хоҷае,
Арз дорад аз ҳунар дебочае.

Чунки дорад аз харидориш нанг,
Хун кунад бемору карру шалу ланг.

Навбати худҳуд расиду пешааш
В — он баёни санъату андешааш.

Гуфт: «Эй шаҳ, як ҳунар, к-он кеҳтар аст,
Боз гӯям гуфт кӯтаҳ беҳтар аст».

Гуфт: «Баргӯ то кадом аст он ҳунар?»
Гуфт: «Ман он гаҳ ки бошам авҷбар.

Бингарам аз авҷ бо чашми яқин,
Ман бубинам об дар қаъри замин.

То куҷо асту чӣ умқ асташ, чӣ ранг?
Аз чӣ меҷӯшад? Зи хоке ё зи санг?

Эй Сулаймон, баҳри лашкаргоҳро,
Дар сафар медор ин огоҳро»

Пас Сулаймон гуфт: «Эй некӯрафиқ!
Дар биёбонҳои беоби амиқ.

То биёбӣ баҳри лашкар обро,
Дар сафар саққо шавӣ асҳобро.

пешина
аз 463
навбатӣ