Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
58.6. Гуфтор андар зиндагиномаи мардони хештаншинос
Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ.1
Шашуми рабеъулаввали соли 604 ҳиҷрӣ, баробар бо 30 — сентябри соли 1207 милодӣ дар яке аз хонадони мӯътабари Балх, хонадони фақеҳи маъруфу машҳури вақт Баҳоуддин Валад тифлаки маъсуме дида ба олами ҳастӣ мушуд, ки бо мурури замон ва гузашти айём ҳамчун симои беназири фарҳангу адаб дар сафи маъруфону маҳбубони тамаддуни ҷаҳон шинохтаву қадр шудааст. Ин сифат ба яке аз бузургтарин орифону шоирони дараҷаи аввали фарҳанги баландовозаи форсу тоҷик Ҷалолуддин Муҳаммад, ки бо алқоби «Мавлавӣ», «Мавлоно», «Мавлонои Рум», «Ҷалолуддин Муҳаммади Румӣ», «Мавлавии Румӣ ва Балхӣ» - шӯҳрат дошта, иддае муҳаққиқин дар заминаи дарёфт аз ашъораш тахаллуси шоирии ӯро «Хомӯш» ва «Хамӯш» донистанд, мансуб мебошад. Ва имрӯз дар олами шеъру адабиёти форсу тоҷик суханварверо пайдо кардан маҳол аст, ки маҳбубияту шӯҳрати беназири Мавлоно Ҷалолуддини Балхиро сазовор гардида, дар тӯли қарнҳо номаш вирди забонҳо, шеъраш чароғи рӯшани маҳфилҳо ва худ ровии беминнату розу ниёзи мардумон шинохта шуда бошад....
Шайх Аттори Нишопурӣ ҳам ба ақлу заковати фитрӣ ва ҳам ба синну сол солор, ба зиёрати Баҳоуддин Валад омад, зеро ба дидори ҳамдигар расидани машойиху орифон ва зиёрати ҳамдигар дар байни эшон он замонҳо фарзу суннат дониста мешуд ва ба ӯ маснавии «Асрорнома»-и худро ҳадя намуд. Ҷалолуддини хурдсол дар ин мулоқот паҳлӯи падари ҳузур дошт ва чун Шайх Аттор ӯро дид, ба Баҳоуддин Валад ишора намуда гуфт: «Зуд бош, ки ин писари ту оташ дар сӯхтагони олам занад». Шарқшиноси олмонӣ дар асари пургунҷоиши худ «Таърихи адабиёти форсӣ» доир ба ин мулоқот чунин нигоштааст: «Ба соли 609 ҳ. (1212 м), Фариддуни Аттор аввалин ва охирин бор ҳарифи ояндаи худ, ки мерафт дар шуҳрати шоири бузургтарин ҳамдӯши ӯ гардад, яъне Ҷалолуддинро, ки он вақт писари панҷсола буд, дар Нишопур
1 Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ. Маснавии мавлавӣ. - Теҳрон, 2001, 728 с.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор