Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
таъмини барқароршавии захираҳо, васеъкунӣ ва такрористеҳсолкунии он, самаранокувӣ ва боздеҳи баланди иқтидори иқтисодию экологиро таъмин карда тавонад. Аз тарафи дигар, яке аз нав минтақабандии соҳаҳои хоҷагидорӣ, аз он ҷумла соҳаи кишоварзӣ мебошад. Он қоидаҳои минтақабандии Тоҷикистон, ки ҳанӯз солҳои 30 — юми асри гузашта, аз тарафи олимони академияи илмҳои собиқ Шӯравӣ бо сардории академик Горбунов Н.П. ташкил карда шуда буд, имрӯз хусусияти хоси худро пурра дигар кардааст ва дигар инкишофи иқтисодии минтақаҳои мамлакат ба он талаботҳо ҷавобгӯӣ намебошад. Минтақабандии экологию иқтисодӣ бояд қисми таркибии концепсияи рушди босуботи иқтисодӣ ба ҳисоб рафта, роҳбари хештаншинос аз тамоми ҷабҳаҳои ин минтақабандӣ бохабар бошад. Масоили дигари муҳими концептуалии иқтисодӣ ташаккули хоҷагиҳои нав дар соҳаи кишоварзӣ ва ба минтақаҳои алоҳида ҷудо кардани замин ва норасоии захираҳои обӣ мебошад. Оиди масоили норасоӣ ва ифлосшавии захираҳои обӣ ва чорабиниҳои Ҳукумати Тоҷикистон оиди ин масъала мо дар мавзӯи «Хиради экологии роҳбарӣ»-и китоби 4-ум, гуфта гузаштаем. Барномаҳои ҳукуматии даҳсолаи «Об барои ҳаёт (2005 - 2015)» низ қабул карда шудааст.
Мувофиқи ақидаи аксари олимони бахши менеҷмент, концепсияи мувозинатии инкишоф бояд «рушди босуботи иқтисодӣ ва инкишофро дар доираи имкониятҳои экологӣ ва шароитҳои талаботҳои ҳаётии башарӣ, қонуниятҳои биологӣ, физикӣ ва химиявӣ қарор дод». Таҷрибаи таҳлили фаъолияти корхонаҳо ва ширкатҳои байналхалқӣ нишон медиҳад, ки модели инкишофи онҳо дар ду шакли алоҳида тартиб дода мешаванд:
- Экологию иқтисодӣ, бо истифода аз коркарди пурраи ахбории менеҷмент.
- Модели истифодаи захираҳо ва партовҳои истеҳсолӣ.
Аз тарафи дигар, мазмуни иқтисодии дарки ин моделҳо ва риояи он нишондоди баланди хештаншиносии роҳбарӣ буда, дараҷаи андешаронии стратегии ҳокимиятдориро нишон медиҳад.
Аз нигоҳи мо, барои соҳаи агросаноатии Тоҷикистон дар шароити имрӯзаи инкишофи иқтисоди модели консептуалии рушди босубот бояд равандҳои зеринро дар бар гирад:
- Гузаронидани ислоҳоти пурраи замин мувофиқи талабот ва қонуниятҳои экогунҷоишӣ ва иҷтимоӣ ва минтақабандии кишоварзию хоҷагидорӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор