Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
-
Пешниҳоди концепсияи байналхалқии стратегии инкишоф барои муҳити зист, ки то солҳои 2015 ва ояндаи дур рушди босуботро дар ҷаҳон таъмин намояд.
-
Коркарди роҳҳои илман асосноккардашудаи ҳамкории байналхалқӣ ва мақсадгузории байналхалқӣ, ки инкишофи демографӣ, истифодаи сарфакоронаи сарватҳои табиӣ, тоза нигоҳ доштани муҳити атроф ва рушди иқтисодиро пурра дар бар гирад.
-
Барномаи умумибашариеро пешниҳод намоянд, ки тамоми насли ояндаи башар асоси фаъолияти хеш қарор диҳад.
-
Дигаргуниҳои биосферавӣ ва гидросферавӣ, истифодабарии сарватҳои башарӣ ва молиявии дунё бо мақсади таъмини талаботи инсонӣ ва беҳтар кардани шароити зиндагонии он дар рӯи Замин.
-
Таъмини хештаншиносии роҳбарӣ дар зинаҳои гуногуни истифодабарии сарватҳои табиӣ ва умуман, захираҳои иқтисодии ҷаҳонӣ ва ҳокимиятдорӣ.
Ҳамин тариқ, аз вазифаҳои умумибашарии рушди устувор бармеояд, ки раванди асосии ин фаъолият ба вазифагузории менеҷменти корхонаҳо мувофиқат карда, якдигарро пурра месозанд. Пас, донистани ин масоил барои роҳбари хештаншинос шарти зарурӣ буда, иштироки бевоситаи он, ҷараёни мазкурро қувват мебахшад.
Мазмуни пурраи илмии рушди босуботро ҳанӯз иқтисодшиносони амрикои Лестер Р. Браун ва Кристофер Флейвин дар охири солҳои 80 — уми асри XX чунин баҳогузорӣ намуда буданд: «Ҷамъият ҳамон вақт инкишофи босуботро соҳиб мегардад, агар талаботи худро аз ҳисоби насли оянда таъмин насовад. Бинобар ин, ҳар як насл вазифадор аст ба насли ояндаи хеш табиат ва иқтидори иқтисодии ғоратнашударо боқӣ гузорад».1
Дар шароити имрӯза дар илми иқтисодӣ зиёда аз 80 — намуди баҳодиҳии «Рушди босуботи иқтисодӣ» мавҷуд мебошад. Аммо мақсади ҳамаи ин баҳодиҳиҳо ба як нуқтаи муҳим омада қарор доранд, ин ҳам: «Таъмини талаботи насли имрӯза бо назардошти талаботи насли оянда» мебошад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо