Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИқтисодиётИдоракунӣ
Аз аввал хондан

Аз алоқамандии ин се омади кор хушбахтӣ ва ҳаёти мо вобаста мебошад. Маълум аст, ки инсон ба тақдири илоҳии худ таъсир расонида наметавонад, аммо худинкишофёбӣ намуда, дар замин барои худ шароити хуби зиндагониро таъмин карданаш имкон дорад. Чӣ тавре дар боло қайд кардем, фақат роҳбари хештаншинос метавонад ба ин нуқтаи дарк бирасад, яъне таъмини роҳи хештаншиносӣ яке аз раванди таълимоти ин илм мебошад, ки мо маъқул шуморидем ва оид ба ин санъат ба Шумо, хонандаи азиз, каме маълумот додем. Мо дар муқоваи китобҳои менеҷмент се аҳроми бамақсадрасӣ ва таълимиеро, ки ҳар яке боз аз 5 зинаи инкишоф иборат аст, овардаем. Ин нишонаи мантиқӣ ва пайвастагии таълимоти мазкур бо дигар равандҳои таълимоти менеҷмент мебошад, ки умуман моро ба як нуқтаи ниҳоӣ ҳидоят менамоянд. Ҳар як роҳбари хештаншиносро зарур аст, ки аз сирру асрори ин таълимотҳо бохабар гашта, рушди босуботи ҳокимиятдории худро таъмин созад.

пешина
аз 463
навбатӣ