Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ҳақиқат дар ҳайрат мондам, ки императорон ин санъатро моҳирона истифода карда, чунон як манзараи зебои кӯҳиро интихоб намудаанд, ки ҳавои тозаи 100 намуд бӯи атриётро дошта, обҳо шарора зада рафта истодаанд ва 100 намуди паррандаҳо нағмахонӣ менамоянд.

Ин санъат солҳои охир дар аксари мамолики Осиё ва Фарб, махсусан дар соҳибкорӣ хеле самаранок истифода карда мешавад.

Асоси омӯзиши ин санъат «шамол — об» алоқамандии нерӯи «нозук» ва таъсири мусбӣ мебошад, ки мувофиқаи ин нерӯро бо ҳаёт таъмин месозад. Фен — шуй усулҳоеро пешниҳод менамояд, ки хонаи шумо, дафтари кориатон, заводу фабрикаатон ба Шумо манфиати табиӣ меорад. Таҷрибаи сеҳазорсолаи инкишофи ин илмро имрӯз аксари донишмандон дастгирӣ менамоянд ва ҳар як роҳбари хештаншинос ва соҳибкор метавонад дар фаъолияти худ аз он самаранок истифода бубарад.

Асоси омӯзиши ин илмро қонуниятҳои умумии майдони магнитии замин, ландшафтҳо, кӯҳҳо, дарахтон ва ҳар як фард ташкил медиҳанд. Бояд гуфт, ки яке аз сабабҳои ба миён омадани он масоили экологию иқтисодие, ки мо дар мавзӯъҳои боло овардаем, надонистани ин илм мебошад. Инчунин, мо дар мавзӯъҳои гузашта, оид ба давраи муайяни зиндагӣ кардани ҳар як фард, мол ва гардиши табиат таъкид карда, гуфта будем. Дар ин нуқта, боз илова карданием, ки ҳар як биное Шумо барпо месозед, ҳатман аз рӯзи гузоштани санги аввал, ба давраи ҳаётӣ шурӯъ карда, вобаста ба гузаштани вақт хароб шуда аз байн меравад. Ҳамаи ин ҷараён дар зери таъсири нерӯи шамолу об, замин ва одамоне, ки дар он бино зиндагӣ менамоянд, ба вуҷуд меояд. Дар бинои кӯҳна, ки умраш ба охир расида, фаъолият намудан, қариб 50% ҳосилнокии меҳнататонро паст ва шуморо дилхаста карда, саломатиатонро бад мегардонад.

Мувофиқи таълимоти фен - шуй тамоми одамонро вобаста аз рӯзи таваллудашон ба 8 гурӯҳ ҷудо кардан мумкин аст. Ин 8 гурӯҳ ду хонаро ташкил медиҳанд «Шарқ ва Ғарб».

Барои ҳар як гурӯҳ чор тарафи мусбӣ ва чор тарафи манфии геografӣ вуҷуд дорад. Вобаста аз ин, ҳар як фард ҷои корӣ, тарзи мондани мизи корӣ, ҷой ва кати хоб ва ғайраро аз рӯи ҳисси пешакӣ интихоб менамояд. Рӯҳшиносон инро вобаста ба ҳолатҳои саломатӣ ва рӯҳии одамон баҳо дода,

пешина
аз 463
навбатӣ