Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
махсус дода, онро ҳамчун раванди муҳими рушди босуботи менеҷменти замони муосир баҳо медиҳанд.
Пас, имрӯз пешвоёни бахшҳои гуногуни роҳбарӣ нақши муҳим бозида, мақоми корхонае дар шароити рақобати озоди бозор самаранок фаъолият карда метавонад, ки пешвоёни барҷастаи худро дошта бошад. Ҳамзамон суръати баланди тағйирёбии ҳолатҳоро роҳбаре дарк карда метавонад, ки қобилияти баланди пешвоӣ дошта бошад ва дастаи пурқуввати пешвоёни касбиро бо худ бурда тавонад. Ин ҳолатро ҳар яки мо дар муқоисаи ҳаёти худ ва падару бобоёнамон баръало ҳис менамоем, ки чӣ қадар фарқияти калон доранд.
Суръати баланди ахборӣ, ки мо ҳар як лаҳза тариқи хати электронии Интернет ба даст меорем, аз сарчашмаҳои дигари васоити ахбори умум мешунавем, асаби мо имкони қабули ҳамаи онро надорад. Чунин ҳолат моро водор месозад, тарзу усули кордониеро омӯзем ва истифода барем, ки суръати андешаҳои мо низ ба суръати ахборӣ мувофиқат намояд, вагарна дар як муддати кӯтоҳ аз замона қафо монда, донишамон кӯҳна мешавад ва пешвоиро аз даст медиҳем.
Аз нигоҳи мо, имрӯз диққати асосии тарбияи пешвоиро ба масоили зерини роҳбарӣ метавон равона кард:
-
Афзоиши баланди демографӣ ва тағйирёбии талаботҳои одамон вобаста ба ин масоил. Дигаргуншавии хислатҳои фардии кормандон ва гуногунмиллатию байналмилалӣ гаштани ҳайати менеҷменти ширкатҳо.
-
Суръати баланди афзоиши технологияи ахборӣ ва характери ҷаҳонӣ гирифтани ахбор ва мушкилоти технологу коммуникатсионӣ ва роҳбарӣ.
Вобаста аз ин, дигар гаштани характери тиҷорат ва соҳибкорӣ.
«Иқтисоди навин» аз кӯҳна ба пуррагӣ фарқ дошта, илова бар ин зуд-зуд боз тағйирёбанда мебошад. -
Ҷаҳонишавии воситаҳои молиявию пулии давлатҳои абадқудрат, ширкатҳои байналмилалӣ ва таъсири онҳо ба бозору иқтисодиёти корхонаҳои хурд ва давлатҳои қафомонда.
-
Вобаста аз суръати баланди истеҳсолоти саноатӣ зиёд гаштани партовҳои саноатӣ, ифлосшавии муҳити атроф, зиёдшавии бемориҳо, паст гаштани боздеҳи фондҳо ва қашшоқшавии қисми зиёди камбизоати аҳолӣ.
Пайдоиши муаммоҳои муҳими экологӣ, дарозумрии аҳолӣ

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо