Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

менеҷмент ба қобилияти кордонию ҳунармандию пешвоии гурӯҳ, ки аз мутахассисони бахшҳои гуногуни менеҷмент иборатанд, вобастагии калон дорад. Дар ҳақиқат, агар роҳбариатон ба талаботҳои менеҷменти корхона мувофиқат накунад, пас новобаста ба дараҷаи пешвоиатон, метавонанд шуморо аз кор озод намоянд.

Бинобар ин, дар тарбияи пешвой мо бояд диққати асосиро ба афзояндагии дохилӣ ва ҷамъиятии пешвой, муносибатҳои байни пешво ва атрофиён равона сохта, ҳолати рӯҳию маънавии онро омӯзонем, ки вобаста ба ҳар як фард, корманд, гурӯҳ, ҷомеа сӯҳбат кардан ва таъсир расониданро аз худ намояд. Пешвои хештаншинос ҳамонест, ки аз муҳити дохилаи корхона пурра бохабар буда, хислат, рафтор, гуфтор, боварӣ, ихлос, қобилияти физиологию касбӣ, муносибатҳои технологӣ ва ғайраро дар корхона ба пуррагӣ медонад. Вақте ки мо чунин назари пешвоиро соҳиб мегардем, он гоҳ тарси нодонӣ, нобоварӣ, мотиватсияи дигари рафториро аниқ карда, дилпурона қарори роҳбарӣ қабул менамоем.

Аз таҳлили нишондиҳандаҳои иқтисод ва фаъолияти менеҷменти аксари ширкатҳои фаъолияти самаранок ва устувор дошта бармеояд, ки онҳо аслан чунин умумият доранд:

  1. Ин ширкатҳо барои истеҳсоли як ё ду намуди мол махсус гардонида шуда, онро ба зинаи баланди маданю иқтисодӣ расонидаанд. Пешвоёни ин ширкатҳо пайваста диққатро барои иҷрои як намуди фаъолият равона сохтаанд.

  2. Ширкатҳо тағйирёбии ҳолати бозорро пеш аз он ҳис карда, чораҳои зарурӣ мебинанд ва фаъолияти худро ба он мувофиқ мегардонанд. Диққатро ҳатто ба омилҳои хурдтарини истеъмолкунанда равона сохта, пешвоён доимо алоқамандии баланд ва эҳтироми якдигарии истеъмолкунандаро нигоҳ дошта, фаъолият менамоянд.

  3. Ширкатҳои пешво муҳити хуби рӯҳиявиро нигоҳ дошта, маданияти пурқуввати корпоративиро ташкил намудаанд, ки системаи ягонаи фикрронӣ ва мақсадгузорӣ дошта, аз ҳолатҳои вазнини буҳронӣ ба зудӣ мебароянд. Пешвоён бошанд, барандаи оташи фурӯзони ин маданият ва равшангари доимии роҳи кормандони худ мебошанд.

пешина
аз 463
навбатӣ