Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
менеҷмент баландтар гузошта, баъдан вақти пурра амалӣ гаштани лоиҳа ва ё кашфиётҳо самараи онро метавон интизор шуд. Бинобар ин, менеҷментро зарур аст, ки дар ин ҷо низ нигоҳи дурбинонаи маънавӣ дошта, ояндабинии стратегии корхонаро таъмин намояд.
Қайд кардан зарур аст, ки аз ҳамаи омилҳо ва равандҳои дар боло зикргардидаи тарбияи роҳбарӣ рафтори иқтисодии коллективи корхона вобаста буда, як муҳити мадании иқтисодиро пайдо месозад, ки кормандон ба он одат карда, кору фаъолият менамоянд. Агар дар ҳақиқат ин раванд дар асоси талаботҳои дар боло гуфташуда ба роҳ монда шаванд, пас инкишофро ба даст оварда, ҳавасмандии кормандон ва умеду орзуи ояндаи онҳоро муҳайё карда, самаранокии кори менеҷмент таъмин мегардад.
57.4. Ташкили тарбияи экологии хештаншиносӣ дар менеҷмент
Тарбияи экологӣ қисми мураккаб ва муҳими хештаншиносии роҳбарӣ буда, фаҳмиши фалсафии он барои ҳар як роҳбар ҳамчун намунаи беҳтарини низоми меҳнатӣ ва умуман, ҳаёт ҳисоб меёбад. Пайдо кардани дониши зиндаи фалсафию иқтисодӣ ва экологӣ оиди қонуниятҳои мавҷудот ва даврзанандагии мавҷудоти зиндаи табий, хусусиятҳо ва моҳияту манфати табиат, сохтор ва таркиби сарватҳои табий нишоная инкишофи баланди роҳбарӣ — хештаншиносӣ мебошад. Ин донишро фақат роҳбаре аз худ карда метавонад, ки фикрронии эҷодӣ, дарки баланди маънавӣ ва рӯҳии ботинӣ, худкашфсозӣ ва азнавсозии дохилан эҷодӣ дошта бошад.
Мо оиди тарбияи экологӣ ва қонунҳои мавҷуда, стандартҳои экологӣ ва мақому мартабаи ташкилотҳои байналхалқӣ оиди ҳифзи табиат дар қисми 2-3 ва қисман дар китоби 4-уми менеҷмент гуфта гузаштаем. Дар ин зина тарбияи экологиро ҳамчун қисми таркибӣ ва муҳими фаҳмишу дониши хештаншиносии роҳбарӣ баҳо дода, тарафҳои фалсафии донишҳои экология роҳбариро шарҳ медиҳем. Ташкили мувофиқан фаъолияти роҳбарӣ ба табиат, қонуниятҳои табиӣ ва низоми ҳаракату пайдоиши ҷисмҳо, сарватҳои табиӣ, муҳити зист, хок, обу

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо