Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
яъне нигоҳдории ҳолати хуби саломатӣ, интихоби шароиту ҷойи хуби зиндагии доимӣ, такмили ихтисосу азхудкунии технологияи навин ва барои қонеъ гардонидани дигар талаботҳои маънавии инкишофи башарӣ баҳогузорӣ намояд. Инчунин, муҳайё кардани шароити хуби зиндагӣ барои зану фарзанду аҳли оила, аз шартҳои ин раванд маҳсуб меёбад.
-
Нишонагирӣ барои сарватмандии иқтисодӣ дар шакли пулию молӣ, моддию моликиятдорӣ ва рӯҳию маънавӣ мебошад. Дар ин раванди тарбияи иқтисодии корманд мо бояд зарурияти сарватмандиро бо роҳи меҳнати пурсамар ва имкони ба даст овардани зиндагонии хуб масъалагузорӣ намоем. Маҳз, меҳнати пурсамар метавонад арзишҳои нав, моликиятдорӣ ва қувваю имконотҳои зӯнёдро барои ба мақсадҳои олӣ расидан муҳайё созад. Мақсади асосии сарватмандии иқтисодиро ҳамчун иқтидори мувофиқакунонии талаботҳо истифода карда, мавқеи баланди имконотиро бояд ҳар яке мо дар умри кӯтоҳи худ соҳиб гардем.
-
Раванди худтасдиқкунӣ ва худнишондиҳии тарбияи иқтисодӣ. Ин талабот нисбат ба талаботҳои дигари фардӣ болотар меистад ва тавассути захираҳои иқтисодӣ ва бо истифода аз санъати баланди роҳбариамон мо метавонем ба он ноил гардем. Ин зинаро ҳамчун зинаи аввали боздеҳи баланди тарбияи иқтисодӣ муаррифӣ намудан мумкин аст. Дар ин зина аллакай иқтидори иқтисодию зеҳнӣ ва ҳунари фардӣ натиҷагирӣ гардида, ҳар як фард кӯшиш менамояд, ки ӯро ҳамчун шахсият ва мутахассиси болаёқат шиносанд, эҳтиромаш кунанд ва роҳбараш таъин намоянд. Мақсадҳои ин раванд ба мақсадҳои дохилаи фардӣ мувофиқат карда, ба қувваи бузурги ақлонию иқтисодӣ мубаддал мегардад, ки натиҷаи баланди мусбӣ хоҳанд дод.
-
Раванди хирадмандии тарбияи иқтисодии роҳбарӣ - зинаи баланди тарбиявии иқтисодӣ буда, талаботҳои махсуси худро дорад, ки мо оид ба он дар китоби 4-уми худ аз номи мутафаккирони бузурги миллати тоҷик ва дигар донишмандони бахши менеҷмент бароятон пурра гуфта гузаштаем.
-
Раванди хештаншиносии иқтисодии роҳбарӣ, зинаи олии тарбиявии менеҷмент буда, талаботҳои олитарини рафтори инсониро аз қабили

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо