Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Дар тарбияи иқтисодӣ масоили муҳим дарки рӯҳии манфиати иқтисодӣ, фикрронии иқтисодӣ, модели ташаккул ва ҷараёни гирифтани фоида, ҳолатҳо ва сарчашмаҳои бадастоварии даромад, паси сар кардани монеаҳои иқтисодӣ ва ғ. буда, роҳбари хештаншинос бояд пешакӣ аз онҳо огоҳ бошад ва усули ба даст овардани натоиҷи беҳтарини иқтисодӣ ва баромадан аз ҳолатҳои номуайяниро устокорона тавонад.

Вобаста аз мақсадгузории дар боло овардашуда, нишонагирии тарбиявӣ бояд ба се омили асосӣ равона карда шавад, ки ҳамчун кодекси рафтори иқтисодии роҳбарӣ баҳо дода мешавад. Ин омилҳои МАҚСАДГУЗОРӢ, ОМИЛҲО ВА МАНФИАТҲО, яъне омилҳои асосии пайдоиши мақсадҳо, мувофиқати онҳо ба талаботи бозор ва муҳити иҷтимоию сиёсию экологӣ мебошад. Ин омилҳои макроиқтисодии муайянкунандаи рафтори роҳбарӣ буда, роҳбари хештаншинос дар мувофиқа ба ин омилҳои беруна, бояд қарори роҳбарие қабул намояд, ки дар ҳама ҳолатҳо манфиати иқтисодии менеҷментро таъмин созад. Дар баробари ин, ҳар як фард дар зери таъсири доимии олами дохилаи зеҳнии худ қарор дошта, ҳолати рӯҳии худро ба низом медарорад. Олами дохилаи фардро қобилияти ҷисмонӣ, рӯҳӣ, ахлоқӣ, зеҳнӣ ва нигоҳи ӯ ташкил дода, барои тарбияи иқтисодӣ ҳамчун объекти асосӣ ба ҳисоб мераванд. Ба ин васила, мо дар тарбияи худ, пеш аз ҳама таъсири омилҳои макроиқтисодиро ба олами дохилаи роҳбар ва ҳолати баръакси онро таҳлил карда, корманди ҷавонро ба он омода намоем, то дар ӯ дониши мукаммал ва шуҷоати ба он омилҳо рӯ ба рӯ шудан пайдо гардад ва ӯро аз ҳолати номуайянӣ бо гирифтани даромад берун барорад.

Тарбияи иқтисодии роҳбарӣ бояд хислати нақшавӣ дошта, пайвастагии омилҳо ва мураккабии ҳолатҳо вобаста аз зинаи идорагӣ муайян карда шаванд, чунки фаҳмиши инсонӣ вобаста аз ин худро тайёр карда, асабро ба дарки дурусти иқтисодӣ равона месозад ва аллакай бо мақсади мустаҳкам ба фаъолият шурӯъ менамояд. Пас, мақсад ва манфиатҳои субъекти идорагӣ ҳамчун омилҳои ташаккулдиҳандаи рафтори роҳбарӣ баромад менамоянд. Мавҷудияти алоқамандӣ ва пайвастагии бевоситаи ин се омил нақшан тарбияи иқтисодиро ташкил дода, доимо навшавӣ ва пешвоиро талаб менамояд. Зарурияти тарбияи иқтисодии менеҷмент низ дар ҳамон аст, ки сарчашмаҳои

пешина
аз 463
навбатӣ