Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ҷавони дорои қобилияти баланди зеҳниро ба сафи коллектив қабул накунанд ва ҳатто ба туҳмату буҳтонҳои ғаразнок аз роҳбарӣ дур созанд, чуноне ки дар ҳаққи банда карданд. Ҳанӯз, вақте ки соли 1998-ум сарварии факултети Иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро ба ӯҳда гирифтам, дар кафедраҳо ва садорати факултет машинаҳои кӯҳнаи чопкунии тамғаи «Ятрань», истеҳсоли аввали солҳои 80-ум мавҷуд буданд, ки нисфаш боз кор ҳам намекарданд. Аз рӯйи аввали роҳбариам, компютерҳо харида оварда, барои устодону донишҷӯён 2 синфхонаи компютерӣ ташкил кардем ва масъалагузорӣ намудем, ки то муддати 2 моҳ тамоми кормандони факултет ва устодон дар компютер кор карданро омӯзанд ва коргузориро ба воситаи компютер ҷорӣ намоем. Қариб 80%-и устодони синну соли аз 50-сола боло, ба дафтари кории ман омада хоҳиш карданд, ки аз онҳо омӯзиши компютерро талаб нанамоям. Ҳатто, устодони кафедрае, ки худашон ба донишҷӯён аз фанни информатика ва барномасозии компютерӣ дарс мехонданд, барномаҳои нави компютериро намедонистанд ва бо ҳар баҳона хоҳиши аз худ кардани чизи навро надоштанд. Ба ҳамаи мушкилиҳо нигоҳ накарда, мо ин навовариро ҷорӣ намудем ва натиҷаи хеле хуб ҳам дод. Умуман, фаъолияти таълимӣ ва ҷараёни гардиши донишҷӯйро дар асоси навовариҳои компютерӣ ба роҳ мондем, ки дар як муддати кӯтоҳ аз тамоми факултетҳои Донишгоҳ пеш гузаштем ва иштироки донишҷӯён низ ба дарсҳо баланд шуда, сифати таълим хеле беҳтар гашт. Баъди ду сол аллакай дар байни факултетҳои Донишгоҳ дар ҷои аввал будем. Ҳар соле то 12 нафари ҷавонони лаёқатмандро ба кор гирифта, қариб 30 нафар дар аспирантура ва докторантура таҳсил мекарданд, ки то замони роҳбарии ман ҳамагӣ 1 ё 2 нафарро ташкил медоду халос.

Вале барои ҳамон бадхоҳон ва кӯҳнапарастоне, ки сифати дарсу фаъолияташон хеле паст буд, ин навовариҳои техникию илмию таълимӣ як кӯҳи баландеро мемонд, ки дигар қуввату хоҳиши пас сар кардани онро надоштанд.
Аз кормандони лаёқатманди ҷавон метарсиданд ва ба ҷои дастгирӣ аз паси нобуд сохтани ин шакли навину замонавии таълиму тарбия ва инкишофи устодони ҷавон гаштанд. Баъди муборизаҳои зиёди беадолатона, бо роҳи тӯҳмату инвогариҳои ноҷавонмардона баъди 8 сол ба мақсадашон расиданд, ки дар натиҷа қисме аз олимони ҷавон факултетро тарк карданд. Имрӯз бов

пешина
аз 463
навбатӣ