Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

фақат фикрронии стратегии роҳбари дурандешона кӯмак мерасонад. Ҳамин тавр, роҳбар бо андешаи фардо саросемавор қарори нодуруст қабул накарда, усули рафтори дурусти роҳбариро истифода менамояд. Ин хислати тарбиявӣ, барои сарвари оянда шарти зарурӣ мебошад.

Ғайр аз усулҳои тарбиявии дар боло гуфташуда, боз дар назди менеҷменти ҳар як ташкилоту муассиса «масъулияти иҷтимоӣ» мавҷуд мебошад, ки корхонаю ташкилот, ҳамчунин институти ҷамъиятӣ барои ташкили дурусти рафтори этикии коллектив дар назди қонун ва ҷомеа вазифадор мебошанд. Барои рафтори ғайриқонунии ҳар як аъзои коллектив, пеш аз ҳама роҳбари корхона ва баъдан коллектив ҷавобгаранд. Аз ин ҷост, ки барои қонунвайронкунии корманд, роҳбарро метавонанд аз вазифа сабукдӯш намоянд ва ё ин ки нисбати ӯ дигар ҷазоро раво бинанд.

Бинобар ин, ҷавобгарии иҷтимоии ҳар як аъзои корхона, ин ҷавобгарӣ ва масъулияти менеҷмент буда, оиди ин раванди тарбия пайваста диққати махсус ҷудо карда мешавад ва ҳатто корманди алоҳидаи масъул вазифадор карда мешавад.

Роҳи дигари тарбия, таъмин намудани сифати фаъолият ва некӯаҳволии корманд мебошад. Ин роҳ низ мисли дигар роҳҳои тарбиявӣ дар менеҷмент, хеле мураккабу мушкил буда, фаъолияти пайваста ва диққати махсусро талаб дорад. Барои ин сатҳи инкишофи корманд ва қобилияту хоҳиши баланди ҳунармандӣ ва рафтори этикӣ доштани ӯ зарур мебошад, ки барои самаранокии баландро соҳиб гаштани корхона кӯмак мерасонад. Оиди нишондиҳандаҳои сифатии фаъолият мо дар қисмҳои гузаштаи китобамон пурра гуфта гузаштаем. Нуқтаи дигарро дар ин ҷо таъкид карданием, ки нишонаи сифатии фаъолияти кормандон, ин нишонаи беҳтарини фаъолияти тарбиявӣ ва хештаншиносии менеҷмент буда, аллакай аз натоиҷи он маълум мегардад, ки сатҳи хештаншиносии роҳбарӣ дар корхона чӣ тавр ба роҳ монда шудааст.

Раванди дигари ташкили кори тарбиявӣ, ба уҳдагузории вазифа ва ҳокимиятдорӣ, намояндагии корхона дар муҳити беруна мебошад. Ба уҳдагузории вазифа ва ҳокимият, нишонаи амалию санҷишии сатҳи маърифатнокии корманд буда, маълум мегардад, ки ҷавон ба роҳбарӣ омода аст ва ё ҳанӯз ҳам дар рафтору кирдори ӯ камбудию норасоӣ ҷой дорад. Бо талаби

пешина
аз 463
навбатӣ