Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
зиёдшавии партовҳои саноатӣ ба атмосфера ва ҳолати номувозинатии захираҳои зеризаминӣ гаштаанд.
-
Истифодаи бемайлони захираҳои табиии барқароршаванда, хок, ҷангал ва об, имкони табиии тозашавӣ, барқароркунӣ ва боздиҳи ин сарватҳоро хеле кам гардонидаанд.
-
Партовҳои зиёди саноатӣ, аз он ҷумла саноати химиявӣ ва коммуналию хоҷагидорӣ, химиякунонии соҳаи кишоварзӣ, ифлосшавии муҳити атроф ва атмосфера боиси зиёдшавии ҳар гуна беморӣ ва эпидемияҳо дар аксари давлатҳои дунё гаштаанд.
-
Суръати баланди афзоиши аҳолӣ ва баланд гаштани талаботи моддӣ ва маънавии одамон боиси истифодаи бемайлони сарватҳои табиӣ гашта, норасоии сарватҳо, махсусан, оби тоза, барои қонеъ гардонидани талаботи ҳар як фард ба миён омадааст.
-
Суръати баланди афзоиши саноатӣ ба гармшавии қабати атмосферӣ ва харобшавии он овардааст, ки солҳои охир олимон дар маҷмӯъ гармшавии курраи заминро мушоҳида карда истодаанд. Дар натиҷа, пиряхҳои калони антарктикӣ об шуда, обхезиҳои калонро ба миён меоранд, ки ҳар соле қисмҳои зиёди давлатҳои Аврупоро оби аз уқёнусу баҳрҳо боло баромада, зер карда зарари зиёди молию ҷонӣ ба мардум меоранд. Аз тарафи дигар, бо сабаби гармои зиёд, миллионҳо гектар замини ҷангал худ аз худ оташ гирифта, нобуд гашта истодаанд.
Ҳамин тариқ, маълум мегардад, ки мо ба муҳит назари хештаншиносӣ накарда, ба тамоми ҷомеаи ҷаҳон чунон зиёни экологию иқтисодӣ меорем, ки аз фоиданокии кори мо садҳо маротиба зиёд мебошанд.
Бояд гуфт, ки солҳои 70-90-уми асри гузашта диққати менеҷменти тамоми ҷаҳон ва аксар олимону донишмандони баҳсҳои гуногуни иқтисодиро масоили танҳо ташкили фаъолияти баланди меҳнатӣ фаро гирифта буду халос. Масоили экологӣ, таъсири фаъолият ба саломатии худи кормандон ва муҳити табиӣ дар ҷои дуввум ва сеюмдараҷа меистод. Дар натиҷа, қариб дар аксари мамолики ҷаҳон ҳодисаҳои мудҳиши экологӣ, аз қабили садамаи нерӯгоҳҳои атомӣ, канда шудани обанборҳо, сӯхтори калони ҷангалзорҳо, фурӯ рафтани нақбҳо ва ғ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо