Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

пешонаҳою бартариятҳоро доро мебошанд, ки мо оиди он дар қисмҳои 1- 2-юми китоби менеҷмент пурра гуфта гузаштаем. Албатта, дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ҳастанд нозукиҳое, ки хислатҳои хоси мутахассисони занона талаб карда шуда, ҳосилнокии меҳнати занон чандин карат аз ҳосилнокии меҳнати мардон баландтар аст. Аз ин хотир, роҳбари хештаншиносро зарур аст, ки оиди ин масоил қарори дурусти роҳбарӣ қабул намуда, дар вақти ҳалли масоили инкишофи башарӣ ва шуғл онро пурра ба инобат гиранд.

Масоили муҳими инкишофи башарӣ, ки менеҷменти мамолики тараққикардаи дунёро ба ташвиш овардааст, бекорӣ мебошад. Ин муамморо асосан, рақобати озоди бозор ва муфлисшавии корхонаҳо тавлид карда, соле дар ҷаҳон садҳо ва ҳазорҳо корхонаҳо баста мешаванд ва миллионҳо кормандон бекор мемонанд. Ин характери дуҷониба дорад. Аз як тараф, агар имкони интихоби менеҷментро оиди сифати баланди кордонии кормандон зиёд намояд, аз тарафи дигар, ноқисии инкишофи башарӣ буда, ба норозигии ҷомеа ва паст гардидани боварии ҷомеа ба менеҷменти корхонаҳо оварда мерасонад. Дар натиҷа, кормандон хоҳиши марказонидани ҳуқуқу вазифаҳои худ ва маҳдудиятҳои менеҷментро талаб карда, бо дастгирии иттифоқи касаба ва ҳизбҳои сиёсию ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ё корпартоиҳо метавонанд ҳуқуқу талаботҳои моддии худро ба даст оранд. Ин ҳолат метавонад ба обрӯю эътибор ва умуман, ба инкишофи худи менеҷмент таъсири манфӣ расонида, мустақилияти онро халалдор намояд. Бинобар ин, роҳбари хештаншинос оиди ин масоил бояд пайваста андеша намуда, то ба корпартой ва ё муфлисшавию бекорӣ дар корхона роҳ надиҳад.

Аз тарафи дигар, бекорӣ таъсири инкишофи иқтисодиро ба рушди босуботи башарӣ паст гардонида, сатҳи камбизоатии мардум меафзояд, чунки бекорӣ чунин хислатҳои манфиро доро мебошад:

  1. Бекорӣ имкони истифодабарии захираҳоро, ки менеҷменти корхонаҳо ба одамон муҳайё менамуданд, рабуда, сатҳи инкишофро паст мекунад. Илова бар ин, бекорӣ боиси кам шудани имконоти одамон барои истифодабарии захираҳо гардида, фаъолнокии онҳоро заиф мегардонад.
пешина
аз 463
навбатӣ