Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
Баландии инкишофи маънавии ҷомеа ин, албатта, мавқеи худро пайдо карда, омили асосии инкишофи башарӣ мегардад. Дар навбати худ, инкишофи башарӣ худ иштироки фаъоли одамон дар ҳаёти иҷтимоию маданӣ, иқтисодию сиёсии ҷомеа мебошад. Пас, онҳо бояд интихоби озоди инкишофро дошта бошанд. Масалан, дар ҳаёти иқтисодӣ, дар коркарди барномаҳои ихтироот, эҷодкориҳо фаъолона иштирок намудан ва умуман, мутахассиси барҷаста будан, нишонаи инкишоф буда, имкони интихобро васеъ мегардонад. Аз ин бармеояд, ки инкишофи башарӣ характери дутарафа дорад. Аз як тараф, агар ин ташаккули қобилияти инсонҳо бошад, аз тарафи дигар, амалигардонии қобилиятҳо дар истеҳсолот ва хизматрасонӣ, яъне дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ мебошад.
Хусусияти фарқкунандаи консепсияи инкишофи башарӣ дар менеҷмент маҳз дар ҳамин нуқта маълум гашта, аз консепсияи «сармояи башарӣ», ки дар мавзӯъҳои гузашта қайд карда гузаштем, фарқ менамояд. Инчунин, боз якчанд хусусияти фарқкунандаи консепсияи инкишофи башариро дар менеҷмент қайд кардан зарур мебошад:
-
Таҳлили бефосилавии амалигардонии имконоти қудратии кормандон ва нишонагирӣ ба истифодаи самараноки сармояи зеҳнии онҳо.
-
Ташкили ҷараёни ташаккули пурраи инкишофи кормандон, бо роҳи тарбияи насли наврас ва баландбардории ихтисосу омӯзишҳои дигар.
-
Баландбардории маданияти истеҳсолии менеҷмент бо роҳи рушди босуботи башарӣ ва ҷараёни иноватсионӣ.
-
Диққати махсусро барои беҳтар шудани сифати ҳаёти кормандон равона сохта, моли ба ин талабот ҷавобгӯй истеҳсол намудан.
-
Ҳамкории пайваста бо дигар институтҳои ҷамъиятии инкишофи башарӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, маданӣ, масҷидҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ.
Ҳамин тариқ, менеҷменти корхона дар баробари иҷрои фаъолияти касбии хеш боз ҳалли маҷмӯи масоилеро бояд ба ӯҳда дошта бошад, ки инкишофи башариро таъмин карда тавонад. Ин дар навбати худ, ба маҳсулоти ниҳоии корхона таъсири мусбии худро бевосита мерасонад. Вобаста аз гуфтаҳои боло сохтори консептуалии инкишофи кормандонро дар менеҷмент ба панҷ унсури бо ҳам алоқаманд баҳо додан мумкин аст:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо