Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

медод. Ҳол он ки арзиши ҳар як корманд (ҷамъи маблағҳои пулию молӣ барои омӯзиш ва тайёр кардани мутахассис) аз 400 ҳазор доллари ШМА кам нестанд. Барои корманди илмию техникӣ бошад, дар тамоми давраи ҳаёти ӯ то 800 ҳазор доллари ШМА хароҷот карда мешавад.1

Ин усули ҳисоб шояд баҳсталаб бошад, аммо факту рақамҳо худ гувоҳи он аст, ки дар менеҷменти ин мамлакатҳо оид ба инкишофи башарӣ чӣ қадар диққат дода мешавад. Дар назарияи иқтисодӣ мақоми дигарро концепсияи инкишофи башарии «талаботҳои ибтидоӣ» соҳиб гаштааст. Мувофиқи он роҳбарияти ҳар як мамлакат вазифадор карда мешавад, ки талаботҳои минималии инсониро бо хӯрока, либоса, маълумот ва манзил, оби нӯшокӣ, ҳолати тозаи экологӣ, нақлиёти ҷамъиятӣ, тандурустӣ таъмин намоянд. СММ ва дигар ҷамъиятҳои байналхалқӣ таъмини ин талаботҳоро ҳамчун таъмини ҳуқуқҳои инсонӣ муаррифӣ намуда, инкишофро бо роҳи иштироки бевосираи онҳо дар ҷараёни истеҳсолот, дар фаъолияти роҳбарӣ ва тақсимоти неъматҳои моддӣ амалӣ мегардонанд.

Ҳамин тариқ, моҳияти иҷтимоии инкишофи иқтисодӣ аҳамияти муҳими сиёсӣ гирифта, қисми таркибии барномаи инкишофи давлатҳои пешқадами дунё Ҷопон, ШМА, Шветсия, Олмон ва чанде дигарон гардидааст. Сохтори ҷамъиятию сиёсии аксари давлатҳои пешқадами дунё аз усулҳои консервативӣ даст кашида, нишонагирӣ ба сохтори иҷтимоии инкишоф доранд. Инчунин, стратегияи имрӯзаи инкишофи иқтисодии давлатҳои дорои иқтидори маҳдуди захираҳои табий, аз ҷумла Тайван, Корея, Ҷопон, Олмон ва бахше дигарон ба инкишофи захираҳои башарӣ равона карда шудааст. Дар он кишварҳо инсон ҳамчун сарчашмаи беохири инкишофи прогрессии илму техника ва иқтисодиёт шинохта шуда, зинаи баланди иҷтимоиро доро мебошанд. Мувофиқи ҳисоби аксари экспертҳо аз 1 доллари сармоягузорӣ дар ин давлатҳо 65% ба сармоягузории инкишофи башарӣ рост меоянд. Пас, ҷабҳаҳои концепсияи инкишофи башарӣ тамоми соҳаҳои фаъолияти инсониро дар бар гирифта, одам мақоми аввалиндараҷаро соҳиб гашта истодааст. Ҳатто, сармоягузории истеҳсолӣ новобаста ба моҳият ва зарурияти баланд аз сармоягузории инкишофи башарӣ қафо монда истодааст.

1 Человеческое развитие - М., 2000, с11-12.

пешина
аз 463
навбатӣ