Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
даромоднокӣ паст шуда, корхона аз инкишоф бозмемонад. Дар натиҷа, боварӣ ба ҳокимияти менеҷерон кам шуда, оқибат ба аз вазифа сабукдӯш кардани онҳо оварда мерасонад.
Чунин як талаботи хос ва хусусияти мураккаби менеҷмент барои ба зинаи хештаншиносӣ расидани менеҷерон қобилияти баландро талаб намуда, ягона роҳи инкишофи маданӣ ба ҳисоб меравад. Ин зинаи поёнӣ ва ибтидоии тарбияи роҳбари нав буда, дар давлатҳои рӯ ба тараққиниҳода амалӣ гаштани он мураккабу мушкилтар аст. Аммо дар давлатҳои тараққикардаи дунё, аз ҷумла, ШМА, Ҷопон, Олмону Англия ва бахше дигар, ки шакли демократии ҳокимиятдорӣ амал менамояд, инкишофи иқтисодӣ фақат дар асоси ташаккули хештаншиносии роҳбарӣ таъмин гардида, ба сармояи зеҳнии ҷамъият такя менамоянд ва сиёсатмадорон ба он ҳавасманданд. Аз ин хотир, онҳо чандин сол боз, на фақат дар бахши иқтисоди ҷаҳонӣ, балки дар тамаддуни фарҳангию сиёсӣ ва ҳокимиятдории башар, новобаста аз он ки ҳамасола ҳодисаҳои мудҳиши табиию этникии башӣ ба иқтисодиёти ин мамлакатҳо таъсири манфии зиёде меоваранд, мақоми пешвоиро соҳиб гашта, самараноку роҳ фаъолият доранд.
Як нуктаи пурқуввати инкишофи башарӣ тавлиди гурӯҳи роҳбарони хештаншиноси яккачин мебошад, ки маҳз, тавассути роҳҳою усулҳои дар боло қайдкардашуда пайдо гардидаанд.
Назарияи роҳбарони яккачин ё баргузида концепсияи иҷтимоию фалсафӣ буда, сохтори иҷтимоии ҷамъиятиеро дар бар мегирад, ки ба роҳбарӣ сару кор доранд. Воқеият он аст, ки инкишоф натиҷаи амалигардонии моликияти зеҳнии гурӯҳи муайяни ҷамъият мебошад. Пас, амаликунандагони моликияти зеҳнӣ низ бояд худ инкишоф ёфта бошанд, яъне гурӯҳи яккачин низ бояд шахсиятҳои шинохтаи эҷодӣ ва донишмандони касбӣ бошанд. Ҳар як шакли инкишоф зинаи муайянеро боло рафта, боз поёнравӣ дорад ва дар навбати аввал ба он шахсиятҳое тааллуқ дорад, ки пеш дар роҳбарӣ буданд ва ҳоло нестанд, яъне бо сабаби пирӣ ва ё марг аз роҳбарӣ рафтаанд. Пас, яккачинони нав он қобилиятҳои пешинро надоранд ва ё аз роҳи пешинаи амалигардонии қобилиятҳо даст кашида, роҳи нави ғайриодатиро пеш мегузоранд, ки ин албатта ба инкишоф таъсири худро мерасонад. Бинобар ин, дар механизми амалигардонии сармояи зеҳнӣ, ҳар як роҳбар бояд ба механизми демократии муносибатҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё