Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
Муҳити иҷтимоии хоҳиш пайдо кардани коллектив барои нурони мақсадҳои навини инкишофие мебошад, ки менеҷменти замонавӣ пеш мегузорад.
Мутобиқшавӣ дар ин ҳолат фаъолшавиро низ таъмин карда, барои беҳтаркунии истифодабарии ҳолати захираҳо дар корхона таъсири мусбӣ мерасонад. Инчунин, ташаккули механизми иқтисодии маданӣ имкони инкишофи шахсиятҳоро дар менеҷмент фароҳам оварда, дурандешӣ ва ояндабинии менеҷментро таъмин месозад ва кормандон вақте ки дар корхона моликияти зеҳнии худро тавлид сохта, ҳаловати маънавии иқтисодӣ мебаранд, хоҳиши ба дигар корхона рафта кор карданро намекунанд. Аз тарафи дигар, менеҷменти корхона чунин кормандро доимо эҳтиёт карда, барои амалигардонии қобилияти зеҳнии ӯ ки аллакай маълум гардидааст, тамоми шароитҳоро фароҳам меорад. Дар ин менеҷмент кафолати иқтисодии моликияти зеҳнӣ пайдо мегардад, яъне ёзандагии одаткунонии кормандон ба механизми иқтисодии навини инкишоф мақоми арзанда дошта, кафолати ояндадории корхонаро нишон медиҳад, ки новобаста ба тағйирёбии сохтори давлатдорӣ, пешвой ва мустаҳкамии корпоративиро нигоҳ медорад.
Масалан, корпорацияҳои бузурги байналхалқии Мерседес Бенс, Ниссан, Тайота, Форд, Сони, Тошиба, Панасоник, Нокия, ва ғ. маданияти баланди корпоративии худро доранд, ки дар тамоми дунё дорои филиалҳои худ буда, самаранок кору фаъолият менамоянд ва дигаргуншавии сохтори давлатӣ ва роҳбарони давлат ба кору фаъолияти онҳо таъсири манфӣ расонида наметавонанд.
Баръакс, онҳо барои рушди иқтисодии ин давлатҳо шароити мувофиқи иқтисодӣ муҳайё менамоянд, чунки маданияти корпоративии ин ширкатҳо аз маданияти иқтисодии мамолик 15-20 сол пеш гузаштаанд. Бинобар ин, давлат аз маданияти пешқадами ширкатҳо истифода бурда, ба сӯи онҳо ҳаракат мекунад.
Аксари олимони бахшҳои гуногуни иқтисодӣ оиди созандагии одаткунонии
менеҷмент ва кормандон ба муҳити тағйирёбандаи макроиқтисодиву сиёсию
географию экологӣ дар шароити глобализатсияи чуқури ҷаҳони муосир асарҳои
зиёде иншо намудаанд. Аксарият ба чунин хулоса омадаанд, ки созандагии
одаткунонии кормандон нишондиҳандаи сифатии менеҷмент буда, дараҷаи рақобатнокии
онро дар ояндаи наздик (3 - 5 - 10 соли оянда) дар ин ё он давлат муайян
месозад. Сабаб он аст, ки вақте роҳбарии корхона ва вазифадорӣ дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё