Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Вобаста аз талаботҳои рӯҳию маънавии касбӣ.
  • омӯзиши ҳолати рӯҳии кормандон вобаста аз касб;
  • таҳлили рафтори одамон ва ташкили муносибати роҳбарӣ;
  • ташкили гуфтушуниди касбӣ ва сухандонии касбӣ;
  • донистани мураккабии рӯҳии касбӣ ва сабукгардонии ҳолатҳои психологии менеҷмент;
  • донистани роҳҳою усулҳои рӯҳии баландбардории самаранокии фаъолияти касбии менеҷмент;
  • қабули қарори масъулиятноки касбӣ ва беҳтарини роҳбарӣ;
  • кордонӣ ва қавниродагии устувори дохилаи касбии сарварӣ.
  1. Вобаста аз инкишофи фардии касбӣ.
  • доштани маълумот ва маданияти баланди касбии байналхалқӣ;
  • донистани ахбори ҷаҳонии касбӣ ва доштани дониши зарурии замонавии касбӣ;
  • дарки касбии ҳодисаҳои иҷтимоию рӯҳии ҷомеа доир ба иқтисодиёту иҷтимоиёт, истеҳсолот ва бозор, тиҷорат ва маркетинг;
  • фаҳмиши мавқеи профессионалии худ дар ҷомеа, соҳаи иҷтимоию рӯҳии алоқамандии касбии менеҷмент;
  • шахсият ва корманди касбии барҷастаи байналхалқиро соҳиб гаштан;
  • соҳиб гаштани маданияти баланди миллӣ ва ҷаҳонӣ дар менеҷмент;
  • эҳтироми арзишҳои миллӣ, урфу одат, анъана ва одатҳои миллӣ.
  1. Вобаста аз зинаи хирадмандии касбӣ.
  • кӯшиши инкишофи касбӣ на фақат барои натиҷаи моддии фаъолият, инчунин, барои таъмини инкишофи иҷтимоӣ - ахлоқӣ ва маънавию маърифатии менеҷмент;
  • ҳалли хирадмандонами мушкилиҳои роҳбарӣ дар асоси қонун ва дигар меъёрҳои ахлоқии инсонӣ;
  • дарки худшиносӣ ва худогоҳии сарварӣ ва нишонагирии расидан ба он;
  • қобилияти баланди хирадмандонами кор бо коллектив новобаста ба халқу миллатҳои гуногун;
пешина
аз 463
навбатӣ