Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
таъминоти моддӣ бошад. Албатта, ин маънои онро надорад, ки ӯ аз талаботҳои моддии худ пурра даст кашад, балки барои обутоби маънавии инсонӣ тану рӯҳи солим ва барои мақсади маъзнавӣ расидан нигоҳ доштани ҷисми солим хеле зарур мебошад. Барои таъмини тани солим боз талабот ба хӯроку либосу манзилу ашёи рӯзгор зарур аст. Чуноне ки дар сураи Бақара (2:21;22) таъкид мешавад: «Ай мардумон! Бипарастед парвардигори хешро, он, ки офарид шуморо ва касонеро, ки пеш аз шумо буданд, шояд парҳезкор шавед (21). Худое, ки сохт барои шумо заминро бисоте ва осмонро сақфа ва фурӯ овард аз осмон обро, бас берун овард ба сабаби он, анвову меваҳоро, ризқу рӯзӣ барои шумо, пас муқаррар макунед, мислу ҳамтоёнро барои Худо дидаву дониста. (22). Бинобар ин, ҳар як фарди мусулмон вазифадор аст, ки барои худ ва аҳли оилаи худ шароити хуби иқтисодӣ муҳайё созад, то талаботҳои маънавии худро бо пуррагӣ қонеъ карда тавонад. Барои зиндагонии солим шароит муҳайё кардан ва кору меҳнат намудан қарзи ҳар як мусулмон мебошад. Пас, ин раванд низ, яке аз равандҳои хештаншиносии роҳбарӣ буда, ӯро вазифадор месозад, ки барои таъмини иқтисодии кормандон шароит фароҳам оварда, талаботи моддӣ ва маънавии кормандонро қонеъ гардонад. Дар ин нуқта боз як таъкиди таълимоти исломиро гуфтан ҷоиз аст, ки роҳбаре барои кормандони худ шароити хуби зиндагӣ муҳайё намесозад, Худованд ӯро ба ҷазои худ гирифтор мегардонад. Дар ин нуқта боз додани маоши ҳаққи ҳалоли корманд, ки ӯ бевосита ба меҳнати худ соҳиб аст, бояд боадолатона амалӣ гардад. Ё дар дигар нуқта таъкид карда мешавад, ки ҳар як мусулмоне, ки соҳиби замин ва дигар канданиҳои фоиданок мебошад, вазифадор аст, онро самаранок коркард карда ба ҷомеа манфиат биорад. Ва соҳибмулке ки замини ҳосилдеҳи худро истифода намебарад, бояд аз ҳуқуқи соҳибмулкӣ озод ва замин ба дигар кас дода шавад. Дар ҳақиқат, роҳбаре ки аз уҳдаи истифодаи самараноки захираҳои корхона намебарояд, бояд аз роҳбарӣ маҳрум гардида, роҳбари дигар интихоб карда шавад.
Умуман, таълимоти ислом шахсияти ба кори тиҷорат, саноат, кишоварзӣ ва дигар меҳнати барои таъмини некӯаҳволии мардум нигаронидашударо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё