Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

кӯшишҳои мо дар оянда барои тадқиқоти илмии ин масоили мураккабу мушкили инсонӣ кӯмак хоҳад расонд.

54.3. Консепсияи динии арзишҳо ва зинаҳои
инкишофи роҳбарӣ

Арзишҳо ва зинаҳои роҳбарӣ аз нигоҳи динӣ шаклан дорои мақоми махсуси худ ва мазмунан ба он гӯфтаҳои илмии мо ҳамрадиф буда, мақсади ҳар ду низ ба як нуқтаи умумӣ равона карда шудааст, ки мо онро хештаншиносии роҳбарӣ дар менеҷмент номидаем.

Аз рӯи сарчашмаҳои илмӣ маълум мегардад, ки дар ислом равандҳои гуногуни концептуалии арзишҳо ва зинаҳои роҳбарӣ мавҷуданд ва мо баҳше аз онҳоро бароятон пешниҳод менамоем:

  1. Мувофиқи ин таълимот баробари ба дунё омадани инсон дар хона ва фазои атрофаш ғубор ворид мешавад, ки васеъ намудани ин хона ва гирифтани чангу ғубор аз гирду атроф бевосита ба рафтори худи ӯ вобастааст. Инсон фақат тавассути ақл метавонад ин кулбаи торики худро равшан намуда, ғуборро дур созад. Ин фаъолиятро инсон бо ду мақсад иҷро мекунад, яъне дар муносибат ба дигар одамон ва бохабар гаштан аз сирру асрори дунёӣ, аз он ҷумла аз хеш. Ин консепсия барои дарки дунявии рафтори роҳбарӣ хеле қуллай буда, роҳбари хештаншинос доимо талош бар он бояд намояд, ки аз иҳотаи ғубору торикии роҳбарӣ худро берун бароварда, бо гирифтани парда аз рӯи худ ба олами рӯҳию ақлонии беруна дар пайвастагӣ қарор гирад. Ӯ бояд дониш омӯзад, одамонро шиносад, аз кӯмаки онҳо бархӯрдор гардад ва бо мурури замон ба онҳо кӯмак расонад. Аз дигар тараф, аз олами атрофии табиӣ бохабар гашта, онро дарк кунад, омӯзад ва ба худ мувофиқ намуда, бо истифода аз захираҳои бузурги табиӣ хонаи худро равшан гардонад.

  2. Раванди дуюми консепсияи инкишофи динӣ лаззат бурдани одам аз
    зиндагонии дунявӣ ва рафтори неки он дар ҷамъият барои он дунё

пешина
аз 463
навбатӣ