Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

карда шудаанд, қабул менамоем. Инчунин, зарур мешуморем, ки ҳар як роҳбари хештаншинос онро омӯзад ва донишу рӯҳу маънавиёти худро дар роҳбарӣ вобаста аз он мустаҳкам гардонад, чунки дин то андозае ба фаъолият ва меъёри рафтори ҳаррӯзаи одамон алоқаманд буда, ҳаёти маънавии онҳоро бой мегардонад. Махсусан, дар Тоҷикистон, ки аксар мардум мусулмононанд, зарур аст, ки мо ҳамчун роҳбари хештаншинос аз системаи арзишҳо ва меъёрҳои динии зердастони худ пурра бохабар бошем, онҳоро бидонем, эҳтиром ва ҳифз намоем.

Арзишҳои олӣ ва муқаддасоти динӣ асоси боварӣ буда, вобастагии қалбии ҳар як шахси худобохабарро дар худ дорад. Бинобар ин, вазифаи маънавии ҳар як дин банизомдарорӣ ва талаби риояи он қонуниятҳо ва меъёрҳо, донишҳою фаҳмишҳои ҷомеа мебошад, ки дар соҳаҳои гуногуни ҳаётӣ ба майдон меоянд.

Пас, фаҳмиши асотирии динӣ, ки баъзе ашхосони бо ном «диндор» таълим медиҳанд, нодуруст аст. Маҳз, тафаккури воқеии динӣ ба мо имкон медиҳад, ки ба мазмуни фалсафии пайдоиши ҳодисаҳо ва дарки масоилу рафтори одамон назари васеъ дошта, фикру ақида ва қарори заруридурусти роҳбарӣ қабул намуд ва дар мувофиқа ба қонуниятҳои бузурги ҳаракату инкишофи табиӣ кору фаъолияти пурсамарро ташкил намоем. Ҳимояи инсон аз рафтори нодуруст ва ё баднафсии дунёӣ дар таълимоти динӣ хеле хуб дарҷ гардидааст. Дар он доимо таъкид бар низоми рафтори дунёӣ ва ишора ба ҷазои он дунё карда, дар ҳақиқат риояи дурусти низоми нафси инсон, махсусан, роҳбарро аз ҳама гуна авобҳои рӯҳӣ ва хатарҳои ҷисмонӣ эмин нигоҳ медорад.

Нигоҳи дигари дин муттаҳидсозӣ ва фаъолияти коллективонаи меҳнатӣ мебошад, ки дар таълимоти аксари динҳо, махсусан, дар дини Ислом бештар дида мешавад. Ин функцияи муҳими иҷтимоию мадании дин имкон медиҳад, то дар менеҷмент коллективи маданиеро ташкил намуд, ки рафтори баланди инсониро соҳибанд. Умуман, назарияви ҷамъиятӣ будани одам дар ин таълимотҳо, хеле равшану мукаммал нишон дода шудааст, ки аз дигар тараф бартарияти меҳнати коллективона, тақсимоти боадолати даромад ва дастгирию кӯмаки бечорагон қоидаҳои олии рафтори роҳбари хештаншинос бояд гарданд.

пешина
аз 463
навбатӣ