Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Дар замони Конфутсий шахси соҳибмаълумот ҳамонеро мегуфтанд, ки шаш намуди ҳунарро медонист: иҷрои маросимҳо, фаҳмиши мусиқӣ, тирпаронӣ аз пайкон, аспсаворӣ, хондан ва донистани ҳисоб.

Ба ақидаи худи донишманд ӯ, чӣ хеле ки таъкид менамояд, «дар понздаҳсолагӣ ҳаракат ба хондан доштани худро ҳис кардам, дар сисолагӣ худро нишон додам, ба чил расида аз нобоварӣ халосӣ ёфтам, дар панҷоҳсолагӣ қувваи илоҳиро дарк кардам, дар шастсолагӣ онро шунидам, дар ҳафтодсолагӣ аз рӯи хоҳиши дил амал мекунам, ки ҳеҷ гоҳ аз қоида берун намебарояд».

Аз рӯи тадқиқоти Куан Ямина ташаккули шахсияти Конфутсий дар сисолагӣ пухта расидааст. Маҳз, дар ин зина ӯ метавонист, ки барои азхудкунии китоби панҷилдаи ҷзинҳо шурӯъ намояд.

  1. Китоби аввал, И — ҷзин — китоби дигаргуниҳо.

  2. Китоби дуюм, Шу — ҷзин — китоби ҳуҷҷатҳои таърихӣ.

  3. Китоби сеюм, Ши — ҷзин — китоби шеърҳо.

  4. Китоби чорум, Ли — ҷзин — китоби маросимҳо.

  5. Китоби панҷум, Чун — Цю — «Баҳору тирамоҳ» — хронологияи ҳодисаҳои солҳои 721 — 480.

Дар ин давра ҷаҳонбинии этикӣ — фалсафии Конфутсий ташаккул меёбад, ки концепсияи асосиаш Жен «гуманизм, инсондӯстӣ» ва Ли («қоида, этикет») буда, Ли ҳамчун воситаи асосии инкишофи башарӣ қабул шудааст.

Бояд гуфт, ки аз се таълимоти фалсафию динии мардуми Чин - даосӣ, ҷан — бутпарастӣ ва конфутсийпарастӣ охирин таълимоти зина ба зинавии инкишофи башарӣ буда, маданиятро ҳамчун мафҳуми кайҳонӣ ва иҷтимоии ҳақиқатпарстӣ меомӯзад.

Вобаста аз ин қоидаи таълимот, Конфутсий системаи тарбиявӣ
таълимотин наздикшавӣ ва пайвастшавии ҳар як фардро ба олами кайҳонию
заминӣ тартиб дода, онро як таълимоти кулл номидааст. Бинобар ин, дар
таълимоти ин донишманд қоидаҳои мувофиқакунонӣ фаъолиятҳои роҳбарӣ,
яъне таъмини рушди босуботи башарӣ дар мадди аввал истода, хештаншиносии
роҳбариро талаб дорад. Аз ин нигоҳ, устод пайвастагии ду мафҳуми роҳбариро
хеле пурра фаҳмонда додааст, яъне «Ҳокимият ва адолатпарастӣ» - ро ҳамчун
асоси ташаккули рушди босуботи давлатдорӣ таълим дода, ин пайвастагиро

пешина
аз 463
навбатӣ