Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Бояд гуфт, ки дигаргуншавии тарз ва технологияи истеҳсолот яке аз омилҳои асосии тағйирёбии маданӣ буда, вобаста аз он маданият амал карда, баробари аз байн рафтан ва ё дигаргуншавии маданият низ тағйир меёбад ва тарафе майл мекунад, ки боз аз ӯҳдаи инкишофи маданӣ баромада метавонанд.
Вобаста аз тағйирёбии маданияти халқу миллатҳои хурд ва бузург ҷудо карда мешаванд, ки вобаста ба монополияи роҳбарӣ яке ба дигаре ғолиб меояд.
Менеҷменти замони муосир дорои маданияте бояд бошад, ки доимо дар инкишофу тағйирёбӣ буда, пешвоиро дар майдони соҳибкорӣ ба касе насупорад.
Барои ноил гаштан ба чунин мақсади воло дар менеҷмент дар ҳар як зинаи инкишоф талаботи навини худшиносӣ пайдо гашта, пайваста муҳити эҷодию маънавӣ, навоварӣ, диалектикию ҳамкориро бо ҷомеа нигоҳ доштан зарур мебошад.

53.6. Гуфтор андар зиндагиномаи мардони хештаншинос

Конфутсий: дирӯз ва имрӯз.1

Файласуфи немис Карл Ясперс дар таърихи башарӣ давраи махсуси инкишоф, яъне давраи асри VIII - II то милодиро, ки асоси ташаккули мадании имрӯза гузошта шудааст, қайд намудааст. Дар ин замон якбора новобаста ба якдигар дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон таълимҳои инкишофи маънавии башарӣ авҷ гирифтааст. Чунончи муносибати нави башарӣ ба оламу одам дар таълимоти Зардуштии форсҳо, файласуфони аввалин дар Юнон, Бутшиносӣ дар Ҳиндустон, Лао - Цзи ва Конфутсий дар Чин ва ғ.

Дар ин давра устоди кабир Конфутсий яке аз асосгузорони ин таълимоти маданӣ ба ҳисоб меравад. Ин шахс дар олами Ғарбу Шарқ бо номи Конфутсий ва ё Кунтси шинохта шуда, соли 551 то солшумории мо ба дунё омадааст.
Таърихшиноси машҳури Чин Сима Цян менависад, ки «Конфутсий дар деҳаи Цзоу, князгарии Лу таваллуд шудааст...»

1 Конфуций. Уроки мудрости. - М., 2004, 958с. (Аз русӣ мазмунан тарҷуман Ғ.Т.)

пешина
аз 463
навбатӣ