Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИқтисодиётИдоракунӣ
Аз аввал хондан

ва ё роҳе одат намояд, ки онро хоҳиши дохилаи ҳаракат пайдо гардад, яъне ӯ қаноатмандиро ҳис намояд.

Қаноатмандии корманд гуфта, ин ҳолати рӯҳии солими одамонро дар корхона мемонанд, ки натоиҷи меҳнатӣ, рафтори иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ташкилию роҳбарии менеҷментро ифода менамояд.

Мақсади асосии ин раванди концептуалӣ дар он аст, ки менеҷмент пайваста қаноатмандии кормандонро бо роҳи мақсадгузориҳои навин, боваркунонии мақсадҳо, дигаргунсозиҳо ва пешравиҳои гуногуни корхона, навобариҳою эҷодкориҳо мустаҳкам намояд. Дар натиҷа, бояд корманд рӯҳан идеологияи корхонаро пурра қабул намуда, худро аъзои комилҳуқуқ ва қувваи иҷрокунандаи ҳадафҳои навини он шуморад ва кӯшиш намояд, ки худ намуна шуда, муҳити солими маданиро дар менеҷмент барпо созад.

53.4. Институтҳои инкишоф ва идоракунии маданӣ
дар менеҷмент

Ҳар як раванди ҳаётии менеҷмент барои доимо амал кардан шакли
ташкилии худро бояд дошта бошад, яъне инкишоф ва идоракунии маданӣ бояд
қисми таркибии менеҷмент буда, ҳамчун шӯъбаи алоҳида фаъолият намояд. Аз
ин хотир, дар ҳар як ташкилот, ки дорои менеҷменти замонавӣ мебошад, оид ба
ин масоил диққати махсус дода, кормандони ин шӯъба аз гурӯҳи махсуси
мутахассисони бахши рӯҳшиносӣ, маданиятшиносӣ, бозоршиносӣ, файласуфону
донишмандон иборат мебошанд. Ин шӯъба ва ё идора доираи фаъолияти ҳар як
соҳаи менеҷментро муайян сохта, меъёрҳо, арзишҳо ва қоидаҳои ташкили
роҳбариро мувофиқи қонунҳои мавҷудаи мамлакат ва меъёрҳои мадании ҳамон
халқу миллат ва ё омехта муайян месозанд. Бояд қайд кард, ки дар Тоҷикистон,
мувофиқи Қонуни ҶТ №272 аз 8-уми июни соли 2007 «Дар бораи танзими
анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳар як ташкилоту
идораҳо комиссияи махсус ташкил карда шудааст ва бояд яке аз раванди
фаъолияти менеҷмент ҳамин функция гардад. То рӯзҳои наздик ин функцияро

пешина
аз 463
навбатӣ