АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Ман ба шумо ҳар он чиро ки мепурсед, ҷавоб медиҳам, – гуфт Зебо.
– Саволи якум. Бигўед, ки ҳамроҳи Зубайдова кай ва ба кадом мақсад ба хонаи Осмон Самад– оғлӣ рафтед?
– Тахминан се моҳ пештар буд. Замира гўшвори ёқутдоре харид ва мо ҳарду онро ба мўйсафед бурда нишон додем.
– Пас Самад– оғлӣ ёқут доштани гўшворро тасдиқ кард.
– Ҳа.
– Вале ман мегўям, ки не.
– Чаро? Охир мо ҳарду якҷоя рафтем.
– Ман боз мегўям, ки Осмон Самад– оғлиро шумо ҳатто надидаед, вагарна ҳеҷ гоҳ ин гапро намегуфтед.
– Аз дурўғ гуфтан магар барои ман фоидае ҳаст?
– Намедонам.
– Ҳар он чи ман даъфаи гузашта ба шумо гуфтам, ҳамааш дуруст аст.
Акбаршоҳ лаҳзае ба фикр фурў рафт: «Рафту ягон нафари дигар худашро ба ҷойи мўйсафед муаррифӣ карда бошад. Охир дар ин замона чӣ бисёр – қаллоб». Сипас, рост ба чашмони Зебо нигариста, боз суол дод.
– Он кас шуморо дар куҷо қабул карданд?
– Дар берун.
– Замира ўро пештар дида буд?
– Не.
– Суроғаро ба шумо кӣ дод?
– Ман намедонам. Касе ба Замира гуфтааст.
– Мўйсафед чандсола буд?
– Тахминан шаст– шаступанҷ сола.
– Чӣ хел бо ў вохўрдед?
– Вақте ки мо ба пеши даромадгоҳ рафтем, он кас аз зинаҳо ба поён мефаромаданд. Замира гуфт, ки чӣ хел Осмон Самад– оғлиро ёфтан мумкин? Ў хандида гуфт, ки банда ба хизмат тайёр ва оҳиста – оҳиста суҳбатро дар бораи бузургии илми геология оғоз кард.
– Аз ҷумла чӣ гуфт?
– Гуфт ки ба наздикӣ аз ҷустуҷўйи геологӣ баргаштааст.
Табиати мо бой аст. Гуфт ки агар мо ба сари ҳар тонна хок чор грамм тиллоро муайян кунем, ҳукумат онро даромаднок ҳисобида кор мекунад, вале дар Африкаи ҷанубӣ ба ҳар сари як тонна хок понздаҳ гармм тиллоро даромаднок ҳисобида кор мекунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё