Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Канӣ, Зулхумор як чой мон!
– Ташвиш накашед, – гуфт Акбаршоҳ ва худро муаррифӣ карда мақсади ташрифашро шарҳ дод.
– Вой, ман мурам. Ҳеҷ гумон надоштам, ки рўзе мешаваду духтари маро ҳам ба милиса даъват мекунанд. Зулхумор, ҳа, Зулхумор канӣ ин ҷо биё!
– Лаббай, – гуён духтар ба меҳмонхона омад.
– Чӣ, чӣ бало, боз чӣ кор кардӣ?
– Ман ҳеҷ гуноҳе накардам, оча, охир ҳамагӣ ду соат шуд рафтанама.
– Модоме, ки милиса, ба суроғи ту омадааст, бебало нестӣ!
– Чӣ ин кас милиса ҳастанд?
– Ҳа.
– Хайр, ин қадар мағал чӣ лозим, ба кадом мақсад омадани ўро худам медонам.
– Хайр, канӣ гап зан? Ўро, кавалерат ба хостгорӣ фиристодааст?
– Оча, Шумо чиҳо гуфта истодаед, наход дар назди марди бегона ин хел сухан гўед.
– Ҳамин ҷо шину гап зан, ман рафта чой мемонам, – гўён модар аз ҷойи хеста ба ошхона рафт.
Баробари аз дар баромадани модар Зулхумор оҳиста пичиррос зад:
– Ман ҳозир аз назди Каромат, омадам, агар бовар кунед он шаби Шумо пурсидагӣ ў ҳамроҳи ман буд. Зулхумор чашм аз дар намеканд, баробари дидани суроби модар муҳри хомўшӣ ба лаб зад.
Акбаршоҳ дид, ки дар ин ҷо пурсидани Зулхумор имконият надорад, варақаи даъватномаро бароварда пурсид:
– Фамилия, ном ва номи падаратон?
– Эшонова Зулхумор Каримовна, – гуфт духтар. Ў даъватномаро навишта дар ҳузури модар ба Зулхумор дод ва таъкид кард, ки субҳи фардо ба милиса биёяд…
«Дар ҳамин ҷо ҳам пешдастӣ карданд. Ана, Акнун ёбеду гиред», аз дил гузаронд Акбаршоҳ ва ба тарафи истгоҳи автобус равон шуд. Ҳарчанд воқеаи хонадони Зулхумор хандаашро меовард, вале вохўрии Зулхумору Кароматро пеши назар оварда, қиёфааш ҷиддӣ шуд. Мадоме, ки онҳо вохўрдаанд, албатта, маслиҳатро байни худ пазонда ва акнун ҳарду ҳам барои худ алиби пурэтимод тайёр намуданд.

пешина
аз 416
навбатӣ