АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Ман ҳам дар ҳабс будам.
– Эй Худо нигоҳ дорад, ин хел нагўед?
– Чӣ магар дилат ба ман месўзад?
– Охир ман дигар ғайри ту касе надорам.
– Ман танҳо не, ё (духтар дасташро болои шиками худ монд) инро фаромўш кардаед?
– Ҳа, ғайри шумо касе надорам. Акнун гўед, ки чаро ҳабс карданд.
– Маро ҳабси хонагӣ карданд, ҳатто телефонро ҳам канда гирифтанд.
– Кӣ?
– Хушдоманат.
– Чаро?
– Чунки бо шумо дигар вонахўрам.
– Пас чӣ тавр аз ҳабс озод шудед?
– Ин қиссаи дароз аст, вале мағзи гап ҳамин ки шумо зуд ба хонаи мо хостгор фиристед.
– Ин чӣ хел мешавад? Ҳанўз оши худоии худораҳматиро надода…
– Ман аз шумо тўйи боҳашаматеро талаб надорам. Бояд дар давоми ду ҳафта ба хонаи мо рафта маслиҳат намоед.
Каромат ба андеша фурў рафт. Ў чӣ ҷавоб доданашро намедонист. Мехост гўяд, ки саросема нашав, аввал аз ҳамин варта бароем, пас мебинем. Мехост гўяд, ки милиса атрофи ўро ҳам хат кашидааст, вале нагуфт. Нахост пеш аз пода чанг андозад.
– Чаро хомўш шудед?
– Чӣ гўям.
– Ҳар чӣ хоҳед?
– Шояд бегоҳ вомехўрем?
– Интизор нашав.
– Чаро?
– Чунки ман дар ҳабси хонагиам ва то ин масъаларо ба падару модарам ҳал накунед, маро дигар нахоҳед дид, – гўён духтар аз ҷой бархест.
– Исто шуморо гусел кунам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё