АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Шуморо ҳам, – гуфт ў ва хост ҳамсарашро ба оғўш гирад, вале зан бо як чолокӣ худро қафо кашида гуфт, ки ақалан аз Далер шарм доред.
– Чун ў вориди хона шуд, аз ҳаёти дуҳафтаинаи муҷаррадиаш нишоне надид. Ҳама ҷо тозаю озода…
Дар сари дастурхон Далер оид ба воқеаҳои дидаю шунидааш хеле ҳарф зад.
– Хайр, акнун вақти хобат шуд, рафта хоб кун, – гуфт модар.
– Не, хоб надорам очаҷон.
– Далерҷон, чӣ намефаҳмӣ?
Далер мехост, ки дар чунин ҳолат падар пуштибонаш бошад, вале ўро ба ҷуз иҷрои амри модар дигар чорае намонда буд, бино бар ин бори дигар ба падару модар хайрухуш карда ба хонаи хобаш рафт.
– Чаро аз омаданатон хабар надодед? – пурсид шавҳар.
– Хостам фаҳмам, ки озодӣ ба ту чӣ додааст.
– Чӣ фаҳмидӣ?
– Мо ҳарду озодиро хуш надорем.
– Яъне?
– Дили бедарду ғамеро чӣ кунам, Дили ман баставу бемори ту бод, – гуфт Наташа ва худро ба оғўши шавҳар партофт…
… 13 …
Зулхумор ҳамоно чанд рақами телефони дигарро чида яку якбора аз райъаш гашт ва гўшакро ба ҷояш монд. «Беҳтараш худам равам, дар чунин лаҳзаҳо тасалодиҳандае лозим». Ў аз кабина баромада ба тарафи истгоҳ рафт.
Ин даъфа кораш омад карду кампири дарбонро дар ҷояш надид. Ба ҷойи ў мўйсафеде дар паси ойинаи тиреза нишаста, аз шуои офтоби баҳорӣ ҳаловат мебурд ва ҳатто назаре ҳам ба тарафи ў накард. Ба ошёнаи дуюм баромада, ба дари кабинети шинос ангушт зад ва чун садои ошноро шунид дарро кушод.
Каромат аз ҷояш бархест ва баъди салом ўро ба нишастан даъват кард. Риши нотарошида синну соли ўро боз ҳам калонтар нишон медод. Агар дар ҳамон ҳолат касе онҳоро якҷоя медид, ҳеҷ ба гўшаи хотир ҳам намеовард, ки ду дилдодаро мебинад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё