Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Бисёр хуб, акнун бигўед, ки ҳамсаратон душман ё ба таври дигар гўем бадбиноне дошт, ки марги ўро хоҳанд.
– Не. Албатта, ҳасудон ва бадбинон ҳастанд, вале ба ин дараҷа ман фикр намекардам.
– Шояд ягон кас ба марги Замира манфиатдор буд?
– Тасаввур ҳам намекунам, ки марги ўро касе хоста бошад.
Не!Не!
– Зулхумор чӣ?
– Чӣ ў ҳам гумонбар аст?
– Мо ҳуқуқ дорем, ки то ошкор намудани ҷиноят ягон нафареро ки ба марги ҳамсаратон каме ҳам манфиатдор бошад, мадди назар накунем ё ба таври дигар гўем гумонбар ҳисобем.
– Не, не. Ба ин ҳодиса ў дахл надорад. Охир мо он шаб ҳамроҳ будем.
– Ба ҳар ҳол барои чунин кор асос дошт.
– Иштибоҳ мекунед, рафиқ майор. Дар ин ҷо роҳзанӣ ҳувайдост ва ба ҷойи он ки шумо роҳзанро ҷўед, беҳуда аз мардуми бегуноҳ гумонбар мешавед.
– Ман шуморо бовар мекунонам шахсе, ки ин ҷиноятро содир кардааст, дар назди қонун ҷавоб хоҳад дод. Ба фикрам имрўз пурсиш басанда аст. Бори дигар аз шумо хоҳиш мекунам, ки ҷойи зисти хешро бе огоҳ кардани мо тарк накунед. Эҳтимол боз шуморо ҷеғ занем. Акнун ба зери ҷавоби ҳар савол ва зери ҳар варақаи навиштаатон имзо гузоред.
Каромат бори дигар протоколи пурсиши шоҳидро ки бо дасти худ навишта буд, хонда баромад ва ба ҷойҳои лозимӣ имзо гузошта, бо Абдумаҷидов хайрухуш намуд…
Зебо ҷавонзани бистучор – биступанҷ сола арзандаи номаш буд. Абдумаҷидов даъватномаро аз дасти ў гирифта, курсиеро нишон дода, ба нишастан даъват кард.

– Бубахшед, ки дер омадам.
– Асосаш ҳамин ки омадед.
– Хайр, гўшам ба Шумо, модоме ки даъват намудаед ва ба ғайри ин маро дар ҷойи корам кофта гаштаед, албатта, гуфтание доред, – бо табассуми латифе гуфт Зебо.
– Медонед, ки шуморо барои чӣ даъват намудаем?
– Аз куҷо донам? – китф дарҳам кашида гуфт ҷавонзан.

пешина
аз 416
навбатӣ