АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Дар ҳамон ҷо варақаи шинохтан тартиб дода шуд ва Зубайдов ҳамроҳи дигар иштирокчиён ба он имзо гузошт…
Баъди анҷоми қоидаҳои расмӣ ба Зубайдов барои бурда ба роҳи охират гусел намудани ҳамсараш рухсат дода шуд…
… 8 …
– Ба куҷо?
– Ба хонаи холаам.
– О, ҳамагӣ се рўз пеш он ҷо будед– ку?
– Хайр чӣ?
– Оё нашунидаӣ?
– Чиро?
– Бар хонаи дўсти худ бисёр марав, Ҳарчанд азизӣ оқибат хор шавӣ…
– Эҳ, қоил кардед– ку очаҷон.
– Ба бист надаромада аллакай як бор бахтатро пеши по задӣ, нашавад, ки боз…
– Аз он, ки ман аз Зариф ҷудо шудам, чизеро аз даст надодаам. Ҳеҷ гоҳ бо шахсе, ки маоши моҳи дигарро интизор аст, зиндагӣ кардан намехоҳам. Аз Зариф беҳтарашро меёбам.
– Ҷавонеро чун Зариф дигар дар хоби шабат ҳам нахоҳи дид.
– Беҳтар нашуд, бадтарашро меёбам,– гуфт ў ва ба тарафи дар равон шуд.
– Исто!
Амри модар ўро аз роҳ боз дошт.
– Ба хона даро!
– Чӣ магар ба хонаи холаам равам гунаҳгор мешавам?
– Гуфтам– ку ба хона даро!
Ў ба хона даромад. Модар ҳам аз қафояш ба хона даромада дарро пўшид.
– Ба ту чӣ шуд?
– Ҳеҷ чиз не.
– Ҳомила шудаӣ?
– Кӣ гуфт?
– Доғҳои дар рўят пайдошуда шаҳодат медиҳанд.
Ў сар ба зер афканд…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё