Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар иштироки ду шахси холис бори дигар аз Давронов талаб намуданд, ки ангушттаринро ихтиёрона бароварда диҳад.
– Ман, аллакай, суханамро гуфтам. Агар бовар накунед, марҳамат, кобетон.
Орифӣ ҳар ҷойи хонаро бо хурдтарин ҷузъиёташ дида баромад. Ҳар як сўрохии хурдтарини фарш, таги тирезаю дар, таги курсию мебелҳо мавриди санҷиши аниқ қарор гирифт, вале дигаргуние дар шакли зоҳирии гумонбаршуда ба чашм намерасид. Рафтори гумонбаршуда аз он шаҳодат медод, ки ўро аз ин кофтуковҳо парвое нест. Ба ғайр аз аквариум дигар ҷойи носанҷида намонд. Ҳаракати зебои моҳичаҳо дили ҳар бинандаро мерабурд ва кас чӣ тавр мафтуни ин олами афсонамонанд гаштанашро намефаҳмид. – Аквариумро чӣ тавр санҷам? – гуфт Самӣ Орифӣ.
– Моҳичаҳоро азоб надеҳ, – ҷавоб дод Исҳоқ Табаров.
– Набошад, протоколи кофтуковро ҷамъбаст намудан лозим, – гўён ташхисгар – криминалист оҳи сабуке кашида, ба курсие нишаст.
– Ҳозир, – гўён Табаров хост, ки ба протоколи кофтуков нуқта гузорад, вале Сафар хам шуда ба гўши ў чизе гуфт. Табаров аз навиштан бозмонд ва ба Орифӣ амр кард, ки аквариумро аз назар гузаронад. Худ бошад, ба симои гумонбаршуда чашм дўхт…
Орифӣ ноқилҳои дар ҷараёни барқ пайвастшудаи аквариумро ҷудо намуд. Моҳичаҳо ба қавле дар оғўши зулмот монданд. Давронов чашмашро аз нигоҳи муфаттиш, ки ҷўёи савол буд, гурезонда сар ба зер афканд… “Ҳақ ба ҷониби Сафар аст, – аз дил гузаронд Табаров, тағиротро дар симои Ҷамол дарк кард. Хайр, канӣ оқибаташро бинем чӣ мешавад?”.
– Ҳамаи сангҳои дохилӣ аквариумро берун бароред,– амр кард Табаров.
– Хуб шудааст,– гўён Самӣ Орифӣ сангҳоро берун оварда, ба шакли онҳо зеҳн монд ва дар яке аз онҳо рахи хурдеро дид.

пешина
аз 416
навбатӣ