Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Паричеҳра ҳар панҷ биштофтанд,
Чу бо моҳ ҷои сухан ёфтанд,
Ки «Мардест бар сони сарви саҳӣ,
Ҳамаш зебу ҳам фарри шоҳаншаҳӣ,
Ҳамаш рангу бӯю ҳамаш қадду шох,
Саворе миёнлоғару барфарох,
Ду чашмаш чу ду наргиси обгун,
Лабонаш чу буссад, рухонаш чу хун,
Кафу соидаш чун кафи шери нар,
Ҳушивору мӯбаддилу шоҳфар,
Саросар сапед аст мӯяш ба сар,
Аз оҳу ҳамин асту ин аст фар!
Ба рух ҷаъди он паҳлавони ҷаҳон
Чу симинзиреҳ бар гули арғавон,
Ки гӯӣ ҳаме худ чунон боядӣ
В-агар нестӣ, меҳр н-афзоядӣ!
Ба дидори ту додаемаш навид,
Гаҳи бозгаштан дилаш пурумед,
Кунун чораи кори меҳон бисоз,
Бифармой, то бар чӣ гардем боз!»
Чунин гуфт бо бандагон сарвбун,
Ки «Дигар шудастӣ ба ройу сухун?
Ҳамон Зол, к-ӯ мурғпарварда буд,
Чунон пирсар буду пажмурда буд,
Ба рух шуд кунун чун гули арғавон,
Саҳиқадду зеборуху паҳлавон?
Рухи ман ба пешаш биоростед,
Бигуфтеду з-он пас баҳо хостед?» –
Ҳамегуфту лабҳо пур аз ханда дошт,
Рухон ҳамчу гулнор оганда дошт.
Чунин гуфт пас бонуи бонувон
Парастандаеро, к-«Аз эдар давон
Ба мужда шабонгаҳ суи ӯ шавед,
Бигӯеду гуфтори ӯ бишнавед,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё